Аз дирӯз то имрӯз
Бонувони мо дар рушди варзиш низ саҳми мондагор доранд. Солҳост шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя мекунанд. Ҳоло онҳоро дар намудҳои зиёди бозиҳои варзиш дидан мумкин аст. Дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалию ҷаҳонӣ туфайли дастовардҳояшон Парчами Тоҷикистон борҳо барафрохтаву Суруди Миллӣ садо додааст.
Аввалин зани тоҷик, ки дар соҳаи варзиш шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард, Зебунисо Рустамова буд. Ӯ солҳои 1975-1976 дар як қатор мусобиқаҳои ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ иштирок намуда, зина ба зина маҳорати худро сайқал дод ва ниҳоят дар бахши камонварӣ қаҳрамони ҷаҳон гардид. Соҳибистиқлолии кишвар, узви комилҳуқуқи Кумитаи байналмилалӣ гардидани Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, баргузории нахустспартакиадаи занони Тоҷикистон дар соли 1999 ба инкишофи ҳаракати олимпӣ, иштироки занҳо дар олимпиадаву мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд.
Омӯзиши мавзуъ собит намуд, ки бонувони мо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар соҳаи варзиш дастовардҳои назаррас доранд. Чунончи, соли 1993 Гулнора Ғоибова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шашка иштирок намуд. Ӯ аввалин бонуи варзишгари тоҷик буд, ки дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат кард ва сазовори ҷойи аввал гардид. Нигина Қурбонова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо дар Лаҳистон соли 1995 миёни занон ва ҳамон сол дар Англия Лаура Ҳоҷамқулова дар Чемпионати ҷаҳон — сеҳарбаи вазнбардорӣ бо натиҷаи 445,5кг ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд. Иштирокчии мусобиқаҳои байналмилалӣ Гулсара Дадабоева дар спартакиадаи занҳои Шарқ дар Покистон соли 1996 аз рӯи давидан ба масофаи марафонӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд. Дар варзиши дастхобонӣ, бадансозӣ ва вазнбардорӣ миёни занон Адолат Хӯҷамқулова, барандаи роҳхати бозиҳои олимпӣ, аз бонувони дастболост. Ӯ қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон дар ин се намуди варзиш ва ду карат (солҳои 2006 ва 2009) чемпиони Осиё мебошад.
Мо аз Мавзуна Чориева, иштирокчии Чемпионати ҷаҳон — 2010, 5 карат ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ чун муваффақтарин муштзан миёни бонувони тоҷик ёд мекунем. Соли 2010 дар Чемпионати Осиё дар Қазоқистон дар риштаи бокс байни 12 бонуи вазнашон 60 кг ғалаба ба даст овард. Вохӯрии аввали ӯ бо Александра Кутсенкои қазоқистонӣ 15 сония давом кард, зеро ҳариф ба муштҳои сахти Мавзуна тоб наоварда, аз идомаи бозӣ даст кашид. Вохӯрии дуюм бо ҳарифи ҳиндустонӣ Синх Рикӣ бо ҳисоби 6:3 ба нафъи Мавзуна анҷом ёфт. Дар вохӯрии финалӣ муштзани № 1-и қирғизистонӣ Уппиниязова Гулзайнабро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда, миёни 24 кишвар қаҳрамони Осиё ва беҳтарин муштзани Осиё гардид. Соҳиби медали Бозиҳои олимпии Лондон — 2012, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мебошад.
Комёбиҳои бонувони варзишгари дастаи яккачини таэквондо дар солҳои 2007-2010 низ қобили таваҷҷуҳ аст. Онҳо ин муддат дар чандин чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва Осиё иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштаанд. Шаҳло Муҳаммадраҳимова моҳи апрели соли 2007 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бледи Словения, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни занон медали тилло ба даст овард. Соли 2008 чемпиони Осиё гардид ва дар Чемпионати ҷаҳон — 2009 медали биринҷиро соҳиб шуд. Сабина Тағойназарова, дорандаи медали нуқраи мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон — 2009, чемпиони Осиё ва ҷаҳон – 2010, Нодира Исоева, чемпиони Осиё — 2010, дорандаи медали нуқраи мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон — 2010, Гулрӯи Равшанмурод, чемпиони Осиё — 2010, дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон — 2010, Меҳрангез Алиева, дорандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё — 2010, Нилуфар Шарифова, дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон — 2010, Надима Раҳимзода, дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон — 2009 ва медали нуқраи Чемпионати Осиё – 2010, дар риштаи таэквондо аз комёбтарин бонувони варзишгаранд.
Дар ин намуди варзиш баъдтар Ширин Набиева шуҳрат пайдо кард. Ӯ соли 2014 «Беҳтарин варзишгари ҷавони тоҷик» эътироф шуд. Ширинбону соҳиби унвони Қаҳрамони Осиё ва барандаи Ҷоми ҷаҳон (шаҳри Минск) мебошад.
Корномаи бонуи шарафманд Мижгона Самадоваро наметавон сарфи назар кард. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба кикбоксинг, ғолиби мусобиқаи ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар Калуга (соли 2013), ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо дар Италия (соли 2016), Қаҳрамони бозиҳои Осиё оид ба кикбоксинг (Ашқобод, соли 2017 ва Қирғизистон, соли 2018), Қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс (шаҳри Нижневартовск, Россия, соли 2021) мебошад.
Моҳрӯ Ҳалимова, ки ба варзиши бисёрҳарба машғул аст, дар андак муддат шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Ӯ низ устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аст. Се маротиба Ҷоизаи Чемпионати Осиёро ба даст овардааст (Манила — 2016, Хо Ши Мин — 2018 ва Уммон — 2021).
Ба иттилои Муҳаммадтолиб Шокирзода — сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2022-2023-юм 1836 варзишгар, аз ҷумла 431 бону, аз рӯи намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 177 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок ва ба хазинаи варзиши кишвар 353 медали тилло, 350 нуқра ва 543 биринҷӣ ворид намуданд. Аз ин нишондод 32 медали тилло, 49 нуқра ва 60 биринҷӣ ба шарофати бонувон ба даст омадааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»