30-юми августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз шуд.
Шакармамад Мирмамадов ва Шарифҷон Назриев — паҳлавонони сангинвазни тоҷик аввалин шуда, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ-«Гӯштингирӣ» бар ҳарифони хеш ғолиб омаданд.
Ш. Мирмамадов дар вазни +95 кг баромад намуда, ҳарифи аввалини худро, ки намоянда аз кишвари Чин буд, шикаст дод. Дар ин баробар Шарифҷон Назриев низ дар вазни +95 кг бар рақиби сербии хеш ғолиб омада, ба марҳилаи баъдӣ рафт.
Паҳлавонони дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров ва Муллораҷаб Халифаев низ дар вазни 65 кг аввалин ғолибияти хешро дар Чемпионати ҷаҳонии гӯштингирӣ ба даст оварданд.
Шаҳбоз Саидаброров дар рақобат бо намояндаи Ҳиндустон дар вазни 65 кг пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи дигар рафт. Муллораҷаб Халифаев бошад, рақиби марокашии худро ба осонӣ мағлуб намуд.
Бо ин ҳисоб то ҳол дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштинӣ миллӣ — «Гӯштингирӣ» Тоҷикистонро чор нафар намояндагӣ мекарданд, ки ҳар чор дар марҳилаи аввал пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати мазкур зиёда аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок намуда, паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат доранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – «Гӯштингирӣ» 18 нафар — дар ҳар вазн дунафарӣ иштирок хоҳанд кард.
Бояд зикр намуд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба «Гӯштингирӣ» бо қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишварамон бори нахуст баргузор мегардад.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»