Дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ, ки аз 24 то 29 — уми октябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид, варзишгарони кишвар чор медали тилло ва 2 медали нуқра ба даст оварданд. Дар мусобиқа 2000 варзишгар аз 30 давлат иштирок доштанд. Тоҷикистонро чор нафар намояндагӣ намуданд.
Муҳаммадалӣ Мирзоеви 18 — сола дар вазни 82,5 кг миёни ҷавонон 2 медали тилло, 1 нуқра ва Парвиз Одинаев 1 медали тиллоро соҳиб гардиданд.
Варзишгари дигар Мустафо Абдуев, ки дар муҳоҷират қарор дораду аз ҷониби Тоҷикистон баромад кард, дар вазни 67,5 кг ба гирифтани медали тилло ва нуқра шарафёб гардид.
Вазнбардорони тоҷик апрели соли равон дар Чемпионати Осиё низ иштирок карда, зинаҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»