Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии 75 нафар хабарнигорони соҳа «Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013»-ро муайян кард. Дар ин бора раиси Ассотсиатсия Нарзулло Латипов ба рӯзномаи «Садои мардум» хабар дод.
Варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров «Беҳтарин варзишгари сол» гардид. Вай имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиқоти байналмилалист. Ҳамчунин Дилшод дар мусобиқоти байналмилалии «Seiko Golden Prix» дар Ҷопон бо медали нуқра сарфароз гашт.
Дилшод Назарови 31-сола ҳамчунин дар Ҳиндустон боз Чемпиони Осиё шуд. Дарвоқеъ, Дилшод ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар Чемпионати Осиё дар намуди олимпии варзиш медали тилло ба даст овардааст.
Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дохил шуд. Комроншоҳи 20-сола моҳи декабр дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия аввалин бор барандаи медали тилло гардид. Ба ҷуз гӯштии кураш вай имсол боз дар ду намуд — самбо ва дзюдо ба натиҷаҳои баланд ноил шуд. Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг дар Санкт-Петербург бо медали биринҷӣ, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи самбо дар вазни то 90 кг барандаи медали нуқра ва дар мусобиқаи самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон ғолиб омадааст. Ҳамчунин Комроншоҳ дар ду даври мусобиқоти байналмилалии дзюдо — Гран-при дар шаҳрҳои Алмаато ва Тошканд ду медали биринҷӣ ба даст оварда, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзю-до байни навҷавонон дар Киев бо медали тилло мукофотонида шудааст.
Ба рӯйхати «Даҳ варзишгари беҳтарини сол», инчунин инҳо дохил шуданд:
Алишер Аҳмадов - Чемпиони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия, дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кило, барандаи ду медали биринҷӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булғористон дар рақобатҳои инфиродӣ ва дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар машқҳои маҷмӯӣ;
Саидҷалол Саидов — Чемпиони ҷаҳон дар риштаи гӯштии кураш дар вазни то 81 кг дар Туркия ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Кореяи Ҷанубӣ;
Искандари Рустам — барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба гӯштии озод дар вазни то 96 кг дар Ҳиндустон;
Наврӯз Ҷафоев — барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни то 75 кг дар Урдун;
Абдуазим Бойназаров — барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи гӯштии камарбандӣ дар вазни то 68 кг;
Зӯҳро Холова — барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик- лайт дар вазни то 50 кг;
Меҳрангез Алиева — барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон;
Акмал Қодиров — барандаи ду медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар вазни беш аз 90 кг байни варзишгарони маъюб дар Тошканд.
И. САМОХИН, «Садои мардум»