Бидон, ки гӯштин гирифтан ҳунарест мақбул ва писандидаи мулуку салотин. Ҳар кӣ бад — ин машғул мешавад, ағлаб ба некӣ ва ростӣ мегузаронад. Агар пурсанд, ки асл дар гӯштин гирифтан чӣ чиз аст, бигӯй илми ин санъат. Агар пурсанд, ки қувват чӣ гуна аст, бигӯй қувват эътибор надорад. Агар пурсанд, ки илми боқувватӣ, бигӯй дар ғояти некуӣ ба воситаи он ки бузургон гуфтаанд «қуввати бедониш чун подшоҳи беақл аст ва дониш бе қувват чун подшоҳи одилу белашкар» ва чун донишу қувва ба ҳамдигар ёр бошанд, корҳо бамурод гардад. Агар пурсанд, ки гӯштингирӣ илм аст ё амал бигӯй илмест муҳтарин (пайваста) ба амал ва ҳар ки чизе омӯзад, мумкин ки бад-он амал накунад ва дар ин ҳунар то илм набувад, амал натавон кард. Пас илму амал ба ҳам ороста аст. Агар пурсанд, ки одоби устоди гӯштин чанд аст? бигӯй дувоздаҳ:
Аввал, он ки худ поку беиллат бувад.
Дуюм, шогирдонро ба покӣ иршод (ҳидоят) кунад.
Сеюм, бахил набошад ва чизе аз шогирдон дареғ надорад.
Чаҳорум, бо шогирдон мушфиқ бошад.
Панҷум, бо моли эшон тамаъкор набувад.
Шашум, ҳар якеро ба қадри қобилияти эшон таълим диҳад.
Ҳафтум, фиреб накунад.
Ҳаштум, ба шогирдони худ бад нахоҳад
Нуҳум, агар касе гӯштини бад гирад, нагӯяд бад гирифтӣ, балки ба нармӣ сухан гӯяд.
Даҳум, агар таълим гӯяд, дар маърака пӯшида гӯяд, ки хасм (рақиб) воқиф нагардад.
Бояд аз илми гӯштин бохабар бошад.
Дар ҳеҷ маърака зикри пир ва устоди худро фаромӯш накунад.
Агар пурсанд, ки устоди комил кадом аст? он ки аз шаш илми соҳиб вуқуф (огоҳ бошад):
Аввал илми тиб донад, ки шогирдро чӣ зиён медорад.
Дуюм, илми нуҷум то вақт ва соати гӯштӣ гирифтан ба ваҷҳе ихтиёр кунад ва мувофиқ бошад.
Сеюм, аз илми рамл то ғолиб ва мағлубро бидонад ва шиносад, ки кадом шогирд бар кадом шогирд ғолиб меояд.
Чаҳорум, илми даъват (дуо) то пайваста дафъи сеҳр аз шогирдон бикунад.
Панҷум, илми фаросат то аз шакл ва ҳайати (сурат) шогирд маълум кунад, ки аз ӯ чӣ кор меояд.
Шашум, илми санъати гӯштӣ ва он чӣ аз ӯ машҳур аст, сесад банду гиреҳ аст ва ҳар яке рӯс (мақсаде) дорад ва боз ҳар рӯс дафъе дорад, ки маҷмӯъ ҳазору ҳаштод масал бошад. Ҳар устод, ки ин улум ва масоилро надорад, комил набошад.
Агар пурсанд, ки одоби шогирдон чанд аст? бигӯй он ҳам дувоздаҳ:
Аввал, он ки рост бошад.
Дуюм, он ки порсо (покиза) ва нек маош (некмуомила) бувад.
Сеюм, он ки нексурат ва покизаахлоқ бувад.
Чаҳорум, некният бошад.
Панҷум, бахил набошад.
Шашум, хидмати устодон ба сидқ кунад.
Ҳафтум, ба ҳеҷ кас ҳасад набарад.
Ҳаштум, бухл наварзад ва ҳар чӣ дорад фидои пир кунад.
Нуҳум, бо дигар шогирдон бо дилу забон мувофиқ бошад.
Даҳум, аз дилҳо дарюза кунад (аз дил кина берун).
Ёздаҳум, ба зӯрии худ мағрур нашавад.
Дувоздаҳум, ба шикасти хасм (рақиб) хушдил нашавад.
Агар пурсанд, ки қаҳрамон киро тавон гуфт? бигӯй он касеро даҳ сифат дошта бошад:
1. Тани қавӣ
2. Забони хуш
3. Далерӣ
4. Хиради комил
5. Сабри тамом
6. Илми ба камол
7. Ҷаҳди доимӣ
8. Хулқи писандида
9. Мастури (паҳрез кардан аз ҳаром)
10. Неъмате бардавом.
Агар пурсанд, ки гӯштӣ чанд навъ аст? бигӯй ду навъ:
Аввал қабз (ба даст гирифтан)
Дуюм изтирор (беихтиёр).
Агар пурсанд, ки ҳар як чӣ гуна аст? бигӯй қабз гӯштӣ гирифтан (аз они) аҳли Хуросон ва Ироқ аст, ки онро шаҳривар гӯянд ва изтирор гӯштӣ гирифтан аз аҳли Ғелон ва Шервон ва баъзе аз Озарбойҷон аст ва онро дайламивор хонанд.
Аз «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Гирдоваранда Шоҳ ҲАБИБ,
муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонии ДМТ