Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич аз 16 то 19-уми сентябри соли ҷорӣ мусобиқаи чоруми ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни наврасону калонсолон баргузор гардид, ки дар он беш аз 40 нафар шоҳмотбозон аз вилоятҳои Суғду Хатлон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мусобиқа ба хотири гиромидошти арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ раиси шаҳри Норак Яҳё Мирфозилов бахшида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ ширкат варзида, доир ба нақши бозии шоҳмот дар тарбияи насли наврас андешаҳои худро баён дошта, ба варзишгарон барори кор таманно намуданд.
Рўзи 19 сентябр ғолибони мусобиқа муайян шуданд. Аз миёни калонсолон Маъруф Инъомбоев (Хуҷанд), бонувони ҳамин синну сол Матлуба Ҳотамӣ (Душанбе), наврасони аз 8 то 11 сола Ҷалолиддин Илҳомзода (Душанбе), духтарони аз 8 то 11 сола Рухшона Саидова (Ҷаббор Расулов), наврасони аз 12 то 14 сола Шоҳзамон Саидов (Ҷаббор Расуллов) соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гаштанд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»