9 — 14 ноябри соли равон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба волейбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар он 17 даста ба чор зергурӯҳ тақсим шуда, аз ҳар яке якдастаӣ ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ниҳоӣ дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов (сарвараш Шодӣ Сафаров) тими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ (сарвараш Ҳайдар Одиназода)-ро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб карда, ба гирифтани мақоми аввали ифтихорӣ шарафёб гардид. Мақоми сеюмро Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба даст овард.
Дар охир ғолибону иштирокчиёни фаъол бо медалу ифтихорномаҳои ташаббускори мусобиқа — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар сурат тими ғолиб — дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов. Дар байн сармураббии он Ҳусейн Давлатов.
«Садои мардум»