«DUSHANBE GRAND PRIX 2023»

№73 (4656) 05.06.2023

Тоҷикистон дар ҷойи якум

351764696_773756354473289_8894598075793424450_nАз дуюм то чоруми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» оид ба ҷудо доир гашт, ки аз рӯи натиҷаи он мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер, Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир иштирок  карданд.

image_2023-06-05_08-51-14Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ зимни суханронии ифтитоҳӣ чунин гуфтанд: «Варзиш воситаи ба ҳам пайвастани халқу миллатҳои гуногун дар ҳаёти инсон мебошад. Дар мамлакати мо ба масъалаи рушди варзиш ҳамчун воситаи муассир ва муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, беҳбуди саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали фаъолият то имрӯз барои рушди варзиши тоҷик ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Натиҷаи чунин талошҳост, ки дар Тоҷикистон бисёре аз намудҳои варзиш, аз ҷумла ҷудо, дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва имрӯз варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса пайдо кардаанд».

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер дар навбати худ изҳор дошт: «Мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ташкили аввалин Гран При дар Душанбе изҳори сипос мекунем. Мо дар кишвари бештари аҳолиаш ҷавонон, рӯ ба рушд ва илҳомбахш барои ҷаҳон ҳастем, ки варзиш, адолат, фарҳанг, инчунин таърихи кишвари шумо, кишвари навовар ва ислоҳотхоҳро тарғиб кунем».

Рӯзи якум

Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикис­тон Меҳрзод Сӯфиев (дар вазни -60 кг) медали биринҷӣ ва Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали тилло ба даст оварданд.

Ғолибони «Dushanbe Grand Prix 2023» дар баробари медал мутаносибан соҳиби 3000 евро, дуюм 2000 евро ва ҷойи сеюм 1000 евро шуданд.

Ғолибони рӯзи аввали мусобиқа:

Мардон

- 60 кг

1. Рамазон Абдуллоев (варзишгари инфиродии бетараф)

2. Туран Байрамов (Озарбойҷон)

3. Лука Мхеидзе (Фаронса)

3. Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон)

- 66 кг

1. Обид Ҷебов (Тоҷикистон)

2. Мурод Чопанов (варзишгари инфиродии бетараф)

3. Яшар Наҷафов (Озарбойҷон)

3. Сунггат Жубаткан (Қазоқистон).

Занон

- 48 кг

1. Маруси Стангар (Словения)

2. Сабина Гилязова (варзишгари инфиродии бетараф)

3. Нарантсэтсэг Ганбаатар (Муғулистон)

3. Андреа Стоядинова (Сербия).

- 52 кг

1. Алеся Кузнетсова (варзишгари инфиродии бетараф)

2. Гултай Мамадалиева (Озарбойҷон)

3. Бишрелтиин Хорлодой (Амороти Муттаҳидаи Араб)

3. Жу Янгинг (Чин).

- 57 кг

1. Шукурҷон Аминова (Ӯзбекистон)

2. Капанни Диас Тауани Дэвид (Италия)

3. Вероника Тониоло (Италия)

3. Сай Си (Чин).

Рӯзи дуюм

Дар рӯзи дуюми мусобиқа се ҷудочии Тоҷикистон — Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни то 81 кг байни ҳам) ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг ба финал баромаданд.

Дар натиҷа, Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81) медали тилло, Шодмон Ризоев (дар вазни -81) медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқра ба даст оварданд.

Ғолибони рӯзи дуюми мусобиқа:

Занон

- 63 кг

1. Катарина Кристо (Хорватия)

2. Герреро Падилла (Испания)

3. Магдалена Крсакова (Австрия)

3. Ива Оберан (Хорватия)

-70 кг

1. Марго Пино (Фаронса)

2. Катажина Соберайская (Лаҳистон)

3. Лориана Кука (Косово)

3. Келли Петерсен Поллард (Британияи Кабир)

Мардон

- 73 кг

1. Маҳмадбек Маҳмадбеков (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

2. Беҳрӯз Хоҷазода (Тоҷикистон)

3. Гилберто Кардосо (Мексика)

3. Бенямин Аксус (Фаронса)

- 81 кг

1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон)

2. Шодмон Ризоев (Тоҷикистон)

3. Иброҳим Кейта (Фаронса)

3. Анри Егутидзе (Португалия)

Рӯзи сеюм

Дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Дар он ҷудочиёни Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90) медали тилло ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.

Ғолибони рӯзи сеюми мусобиқа:

Занон

- 78 кг

1. Анна-Мария Вагнер (Олмон)

2. Олек Анна Монта (Олмон)

3. Ҷордҷа Стангерлин (Италия)

3. Александро Бабинтсева (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

+78 кг

1. Нунес Рошел (Португалия)

2. Самира Буизгарн (Олмон)

3. Адиясурен Амарсайхан (Муғулистон)

3. Даря Владимирова (варзишгари инфиродии бетараф)

Мардон

- 90 кг

_S_J2161-1685892821-16858928211. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикис­тон)

2. Элдор Аллахвердиев (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

3. Дэвид Кламмерт (Чехия)

3. Элжан Ҳоҷиев (Озарбойҷон)

- 100 кг

1. Матвей Каниковский (варзишгари инфиродии бетараф)

2. Ниёз Билалов (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

3. Златко Кумрич (Хорватия)

3. Батхуяг Гончигсурен (Муғулистон)

+ 100

1. Тамерлан Башаев (варзишгари инфиродии бетараф)

2. Темур Раҳимов (Тоҷикистон)

3. Ерасил Кажибоев (Қазоқистон)

3. Магомедомар Магомедомаров (АМА).

Чорабинии мазкур мусобиқаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 низ буда, ба рейтинги варзишгарон барои ҷойи 1 — 700 хол, 2 — 490, 3 — 350 илова карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар «Dushanbe Grand Prix 2023» варзишгарон аз 27 давлати дунё иштирок карданд ва панҷгонаи бештарин инҳо мебошанд:

1. Тоҷикистон

2. Олмон

3. Фаронса

4. Хорватия

5. Португалия.

Таҳияи Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»