Панҷуми май мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2024» оид ба ҷудо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба охир расид. Тоҷикистонро дар ин рӯз 12 ҷудочӣ муаррифӣ намуданд.
Дар рӯзи охир Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) медали нуқра, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (дар вазни -90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -100 кг) медалҳои биринҷии мусобиқаро соҳиб гардиданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2024» ҷудочиёни Тоҷикистон 7 медалро соҳиб шуданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни — 60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (дар вазни — 66 кг) медали биринҷӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқра, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (дар вазни — 90 кг) медали биринҷӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни — 100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.
Қобили зикр аст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих 3-5 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024» доир гардид. Пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи шурӯъ аз соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон доир намудани яке аз мусобиқаҳои ҷаҳонии «Grand Slam» оид ба ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шудааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзи дуюми мусобиқа — 4 май ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок карда, ба ғолибони вазни -73кг-и мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» медалҳоро тақдим намуданд.
Бояд гуфт, ки пеш аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омада, барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош намуданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шуданд. Инҳо 204 мард ва 186 зан мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн барои имтиёзҳои олимпӣ рақобат намуданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохил шуданд.
Рӯзи аввали мусобиқа — 3 май (ҷумъа) қувваозмоӣ дар вазнҳои — 48 кг, -52 кг, — 57 кг байни занон ва — 60 кг, — 66 кг байни мардон, 4 май (шанбе) дар вазнҳои — 63 кг, — 70 кг байни занон ва -73 кг, — 81 кг байни мардон ва 5 май (якшанбе) дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон ва -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон доир шуд.
Шариф Атобуллоев,
«Садои мардум»