Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаро тасдиқ намуд.
Бозиҳои интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Индонезия, Урдун, Мянмар, Тайиланд, Ӯзбекистон ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 33 дастаи миллии занона иштирок менамояд. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чордастаӣ иборат хоҳанд буд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона аз 23 июн то 5 июли соли равон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон 27 март дар маросими қуръакашии марҳилаи интихобӣ маълум мегарданд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»