Дар вилояти Суғд солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш эътибор бештар ба мушоҳида мерасад. Солҳои охир дар вилоят теъдоди варзишгоҳҳо, майдончаҳои варзишии замонавӣ зиёд ва варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои шоиста мушарраф мегарданд.
Воқеан ҳам тарбияи ҷисмонию варзиш тайи солҳои охир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳ ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои гуногуни ҷомеа афзудааст.
Ин дастовардҳо ва кӯшишҳои натиҷабахш дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо варзишгарон баён гардида буданд, амалӣ мешаванд.
Чанде пеш дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо варзишгарон баргузор гардид. Қоҳир Расулзода вазъи соҳаро таҳлил намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки тӯли соли 2012 дар вилоят баробари мавриди истифода қарор гирифтани иншооти бузурги аср — «Нақби Шаҳристон», боз якчанд иншооти варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо 20000 ҷойи нишаст, толори варзишии гӯштӣ ва майдони яхи сунъӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи ягонаи чорабиниҳои варзишӣ, оммавӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тӯли соли 2012 – ум 1226 нафар варзишгарони вилоят, аз ҷумла беш аз 130 нафар бонувон, дар 67 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Соли гузашта варзишгарони вилоят ба гирифтани 2562 медал, аз ҷумла 744 медали тилло, 759 медали нуқра ва 1059 медали биринҷӣ сазовор шуданд.
-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш шароити зарурӣ фароҳам орад, — зикр дошт раиси вилоят дар мулоқот.
Бо қарори раиси вилоят аз 18 ноябри соли 2011 Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 дар вилояти Суғд» ба имзо расида, тибқи қарори мазкур беш аз як миллиону сесаду ҳафтод ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардид. Ҳамзамон қарори раиси вилоят оид ба «Барномаи рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2012-2016» ба имзо расида, мавриди иҷро қарор дорад.
Таъсиси Стипендияи раиси вилоят барои 46 нафар варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии ҳамасолаи варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш, иштироки чор дастаи футболи вилоят дар лигаи олии мамлакат, барқарор намудани Барномаи варзишии телевизионии «Офарин», ташкили машқҳои таълимӣ — варзишӣ ва гузаронидани беш аз 500 мусобиқаи вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба 67 чемпионати ҷумҳурӣ ва 40 мусобиқаи байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи якмароми қарори зикргардида аст.
Дар давоми солҳои 2011-2012 мавриди истифода қарор додани 316 иншооти варзишӣ, аз ҷумла ду комплекси иншооти варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, 31 толори варзишӣ, 40 майдончаи варзишӣ, панҷ варзишгоҳ ва 236 иншооти дигари варзишии хурду бузург, бо назардошти ҷудо гардидани беш аз ҳаштод миллион сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сарпарастон аз татбиқи мақсадноки Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ дарак медиҳанд.
-Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овард, ки варзишгарони мо ба арсаи ҷаҳонӣ қадам гузоранд, — зикр намуд Қоҳир Расулзода.
Варзишгарон Ҷаҳон ва Ҷасур Қурбоновҳо, Асрор Воҳидов, Мурод Тӯйчиев, Сарвар Исоқов, Комроншоҳи Устопириён, Мирхолиқ Бобоев, Виталий Сериков, Баҳриддин Ахунов, Маҳмад Миров, Ҳусниддин Тошмуродов, Далер Ниёзов, Азизи Муҳаммадризвон, Фарзод Нуруллоев, Абдукарим Қӯзиев ва даҳҳо варзишгарони дигар шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя ва Парчами Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.
Соли равон дар вилоят бунёди иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла азнавсозии варзишгоҳи шаҳри Исфара барои 20 ҳазор ҷойи нишаст ва бунёди қасри муҳташами варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд, амалӣ мегарданд.
Албатта, ин ҳама ба рушду таҳкими соҳа ва баланд шудани мақоми варзиши миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»