Дар бозии аввали даври интихобии Чемпионати «Осиё-2018» оид ба футбол миёни наврасон дар гурӯҳи «В», ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи Сурияро мағлуб кард.
Дар вохӯрии навбатӣ, ки низ дар варзишгоҳи мазкур баргузор гардид, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи наврасони Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуд.
Дар бозӣ бар муқобили дастаи Малдив Рустам Соиров муаллифи «покер» (чор гол) ва Эмомалӣ Аҳмадхон муаллифи «хет-трик» (се гол) шуданд. Ҳамчунин, Шарифбек Раҳматов ва Ислом Зоиров муаллифи «дубл» (ду гол) гардиданд. Тӯбҳои дигарро Шоҳрух Сангов ва Азизбек Ҳасанов ба ҳадаф расониданд. Як тӯби дигарро футболбози Малдив Аҳмад Нахил Иброҳим аз иштибоҳ вориди дарвозаи худ намуд.
Футболбозони навраси тоҷик дар бозии сеюми мусобиқаи интихобии Чемпионати «Осиё-2018» миёни бозигарони то 16-сола тими Уммонро низ бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, дар гурӯҳи «В» ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозии даври охирини мусобиқаи гурӯҳи «В» 24-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Тӯби ягонаро Исроил Холов дар дақиқаи 76-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.
Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ва бозингарон - Шоҳрух Қирғизбоев, Ҷонибек Шарифов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Ислом Зоиров, Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Рустам Соиров, Исроил Холов ҳунарнамоӣ карданд.
Ғолибон қувваозмоиро дар даври ниҳоии Чемпионати «Осиё-2018», ки аз 25 сентябр то 7 октябри соли 2018 дар Малайзия сурат мегирад, идома медиҳанд.
Ба футболбозони навраси тоҷик муваффақият орзу менамоем.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»