Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол зери сарварии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон ба финал баромад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи худ дастаҳои «Россия-2»-ро бо ҳисоби калони 6:0 ва Эронро 2:1 мағлуб намуда, бо наврасони Озарбойҷон бозиро мусовӣ (2:2) анҷом доданд.
Имрӯз соати 1630 бо вақти Душанбе футболбозони тоҷик бо тими мунтахаби Қазоқистон барои гирифтани Ҷоми Президенти Қазоқистон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Тими Қазоқистон то ин дам ба дастаҳои Қирғизистон (2:1), «Крузейро-Қазоқистон» (4:0) ва Албания (1:0) ғолиб омада, дар гурӯҳи худ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Мусобиқаи мазкур соли 9-ум аст, ки дар Қазоқистон доир мегардад. Бори аввал, соли 2008, дар шаҳри Алмаато баргузор шуда буд. Шаш соли охир мусобиқаи мазкур дар шаҳри Остона доир гардид. Соли равон бори аввал Ҷоми Президенти Қазоқистон миёни наврасони то 17-сола дар шаҳри Шимкент баргузор гашт. Ғайр аз Ҷом ба ғолиби ҷойи якум 7000 доллари ИМА, ҷойи дуюм 5000 ва ҷойи сеюм 3000 доллари ИМА супурда мешавад. Ҳамчунин, барои «Довари беҳтарин», «Дарвозабони беҳтарин», «Ҳимоятгари беҳтарин», «Нимҳимоятгари беҳтарин», «Нишонзани беҳтарин» ва «Бозингари беҳтарин» ҷоизаҳои махсус муайян шудааст.
Маросими ҷоизасупорӣ шоми имрӯз дар варзишгоҳи марказии ба номи Кажимукани шаҳри Шимкент баргузор мешавад.
С. Суннатӣ, “Садои мардум”