10 август - Рӯзи варзишгарон

Хусрав бо медали тилло баргашт

№101 (3086) 08.08.2013

M

«Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд», — гуфт Сарвари давлатамон  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо ҷавонони кишвар 23 майи соли равон.

Имрӯз воқеан дар ҳаққи ҷавононе, ки Парчами миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, ҳамин гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ меояд, зеро муаррифӣ намудани миллати тоҷик аз ҷониби як идда ҷавонони бонангу номуси мо аз маҳорату тавоноӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои бузурги истиқлолияти кишвар гувоҳӣ медиҳад.

- Ҳувият ва эҳтироми хоси ҷавонони Истаравшан, ки зиёда аз 40 фоизи аҳолии шаҳрро ташкил медиҳанд, ба арзишҳои миллӣ, махсусан парчаму нишон, истиқлолияти давлатӣ беандоза буда, баҳри пойдорию устувории муқаддасоти миллӣ ва ободии кишвар ҳамеша омода мебошанд, — мегӯяд мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Фозил Бобоев.

Бино ба гуфтаи мавсуф, дар таърихи варзиши тоҷик боз як саҳифаи нав бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.  Маҳз бо талошу заҳматҳои пайгирона ва ҷасорату матонат варзишгари тоҷик ба чунин дастовард соҳиб шуд.

Дастпарвари мактаби варзишии кӯдакону наврасони №1 шаҳри Истаравшан Хусрав Облобердиев дар мусобиқаи Осиё аз рӯйи гӯштии тарзи юнону румӣ, ки 13-16 июни соли равон дар шаҳри Пхукети кишвари Тайланд баргузор гардид, дар байни 40 нафар намояндагони давлатҳои Осиёи Миёна сазовори ҷойи якум ва соҳиби медали тилло шуд. Хусрав Облобердиев дуюмин варзишгари тоҷик аст, ки дар даврони соҳибихтиёрии кишвар дар ин намуди варзиш ба чунин натиҷа ноил гардидааст.

29 июни соли равон чемпионро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд намояндагони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан, мураббиёну дастпарварони мактаби варзишии кӯдакону наврасони №1, дӯстону пайвандон истиқбол намуданд. Худи ҳамон рӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо чемпиони Осиё Хусрав Облобердиев мулоқоти тантанавӣ баргузор гардид. Раиси  шаҳр Иброҳим Абдуллоев, чунин музаффариятро ба варзишгар ва устодону мураббиён муборакбод намуда, дар баробари супоридани туҳфаҳои хотиравӣ, барои натиҷаи баланди варзишӣ ба Хусрав изҳори сипос кард.

Мавриди зикр аст, ки дар тӯли шаш моҳи соли равон варзишгарони истаравшанӣ бо иштироки фаъолона дар мусобиқоти байналмиллалӣ се медали тилло, ду медали нуқра ва чор медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»