(Манзума)
Ба ифтихори ғолибияти паҳлавони тоҷик Хушқадам Хусравов, ки дар давлати Руминия ба гирифтани медали тилло ва унвони Қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо (вазни то 62 кг) мушарраф гардид.
Ин аст ватандорию ин аст садоқат,
Ин аст ҷавонмардию ин аст асолат.
Ин аст набард, арҷ, вафодорӣ ба миллат,
Ин аст ба меҳан ба ҳама маънӣ муҳаббат.
Рамзе, ки парафшон шуда з — он Парчами миллӣ,
Шоиставу мақбулу писандидаву олӣ.
Рамзе, ки зи худ гашт бурун дод паёме,
Рамзе, ки ба мо бахшида ҷоеву мақоме.
Аз ҳастию аз оламу ному назари худ,
Аслияту ҳуввияту шӯру шарари худ.
Аз табъу тавоноиву кору ҳунари худ,
В – аз часпу талошеву зи ҳар як зафари худ,
Пайғом аз оне ки на кам аз дигарон аст,
Боазму ватандор ба ҳар давру замон аст.
Сад бор шикастасту нарехтасту нарезад,
Мавҷ аст, ки қомат бикашад боз бихезад.
Ҳарчанд варо сӯхтаанд хонаву манзил,
Ҳарчанд варо кофтаанд охуру оғил.
Бурданд варо ҳар чӣ айён буд ба хона,
Дегу табақу қошуқу оинаву шона.
Аммо натавон бурд ба зӯр оини ӯро,
Он ҷаҳвари ноёби дилу ботини ӯро.
Фарҳангу забону адабу орияти ӯ,
Маърифату ирфону ҳамон ҳувияти ӯ.
Бингар ки Худованд нигаҳ дошта ӯро,
Дар хорию дар аҷз набигзошта ӯро.
Бо он ки ҳанӯзем яке миллати озод,
Дорем шараф ҳам Ватани хурраму обод.
Маҳкам ба кафи мост ҳамон тешаи Фарҳод,
Маърифату илму ҳунару табъи худодод.
Заҳматкашу ободгар аз рӯзи азал мо,
Бикшода пару бол зи ҳар шеър ғазал мо.
Эъҷоз бубин, ғайрату лутфу карами мо,
Ҳам Нораку ҳам Роғуну шону ҳашами мо,
Ошиқ ба заминему ба корем шабу рӯз,
Ошиқ ба баҳорему ба ҷашнему ба Наврӯз.
Безор зи ҷангему тарафдори суботем,
Чун Мавлавии хеш башардӯст ба зотем.
Мо бо сухани ноб, ки эъҷоз намудем,
То боми ҷаҳон рафтаву парвоз намудем.
Наврӯзии мо гашта, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ,
Оварда ба олам хушиву ишқу ҷавонӣ.
Мо миллати озодаву бо фарру суботем,
Бо меҳру сафо, раҳмату файзеву нишотем.
Яъне, ки ҷаҳон шод зи лутфи назари мост,
Яъне, ки хирад мояву ҳам тоҷи сари мост.
Мо миллати гурдону далерони ҷаҳонем,
Мо Рустами Дастон ба ҳар давру замонем.
Моем ҳама дар пайи ободии дунё,
Ҳастем равон ҷониби зебоии фардо.
***
Он гурди барозандаву он Хушқадами мо,
Бардошта боло ба фалакҳо алами мо.
Мардонаву озодаву бе ҳеҷ дуруштӣ,
Пирӯз бигардид дар он сабқати гӯштӣ.
Он гурд, ки бегона зи ҳар кибру ғаразҳост,
Дар чеҳра варо шодии тифлона ҳувайдост.
Бо фарқ зи «шерон» — и маҳал, кӯчаю хона,
Он рӯбаҳаконе, ки ҳама банди баҳона.
Пинҳон ба пушти зани хешанд чу харгӯш,
Ҳастанд риёкору ҳаё карда фаромӯш.
Беайбу гуноҳанд ба монанди фаришта,
Дар ҷои таре гӯйи ягон бор нашишта.
Ӯ ҳаст ҳамон бохираду оқилу доно.
Мардони бузурганд ҳама зӯру тавоно.
Ҳастанд фақат дар ғами ин давлату миллат,
Як умр тарафдору тарафхоҳи адолат.
Онон, ки ба ҳар давр чу шерони нар астанд,
Бар мардуми бечора шабеҳи сипар астанд.
Бар беваю бечора, ятиманд саробон,
Гурдони замон, мардуми озодаи даврон.
Оянд мабодо, ки агар бар сари қудрат,
Созанд барои ҳама як олами ҷаннат.
Ободу шукуфон бинамоянд Ватанро,
Гулпӯш намоянд ҳама кӯҳу даманро.
Тақдим ба мардум бинамоянд саодат,
Дар пеш бигиранд фақат кори адолат.
Аммо, ки зи як тоифа судеву самар нест,
Ҷуз савлаташон ҳеҷ дигар фикр ба сар нест.
Чун гургу гурозанду шағолони замонанд,
Зӯранд ҳамон гоҳ, ки бар даст камонанд.
Зоғони сиёҳанду ба фарёду фиғонанд,
Чун лакаи нанге, ки ба домони замонанд.
Мардӣ набувад сирф ба шаклу ба шамоил,
Чун ҷаҳвари мардист накӯ ҷамъи фазоил.
Дилҳо натавон ёфтан аз ғорату зӯрӣ,
Бо роҳи баду кори баду кибру ғуруре.
Мардӣ набувад бар сари сина бизанӣ мушт,
Ё тир задан бехабарона ба кас аз пушт.
«Чун теғ ба даст орӣ, ту мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт».
Мардонагӣ он аст, Ватан бо ту бинозад,
Бо иззату икром туро халқ навозад.
Миллат ба дилу дида туро ҷой намояд,
Бо дидани ту чеҳраю дилҳо бикушояд.
Дар фикри Ватан, миллати худ низ набошад,
Ҳар гову харе шер зи хештан битарошад.
Ҷуз ишрату айшаш набувад фикру хаёле,
Фикри дигараш нест ба ҷуз сарвату моле.
Кай ҳаст варо фикри ғаму мушкили мардум,
Огоҳ набошад ба Худо аз дили мардум.
Он аст ҷавонмард, ки покизаю орист,
Чун тоза ҳавою нафаси поки баҳорист.
Кӯҳест, ки тамкину тавозуст варо хос,
Хидмат ба Ватан мекунад ӯ аз сари ихлос.
Оне ки чунон Хушқадами зӯру диловар,
Монанди уқобе шуда ҳар сӯй паровар.
Бардошта аз сидқ чунон ӯ алами мо,
Дунё шуда мафтун ба он Хушқадами мо.
Пирӯзию наврӯзию иқболбаландӣ,
Хушрӯзию хушҳолию дилдорписандӣ.
Имрӯз агар ёр ба он шаҳписари мост,
Шаҳбачаи арзандаи соҳибназари мост.
Номуси Ватан дар дили ӯ ҷой гирифта,
Ҳам ишқ варо аз сару аз пой гирифта.
Бо номи Ватан рафта ба майдони шуҷоат,
Бо номи Ватан ёфта он гурд бароат.
Бо номи Ватан ёфта пирӯзӣ ба майдон,
Бо номи Ватан ҷо шуда дар байни далерон.
Ин аст, ки мо мардуми озоданажодем,
Доди сухану мардиву покизагӣ додем.
То ҳаст ҷаҳон парчами мо ҳаст парафшон,
То ҳаст ҷаҳон тоҷики мо ҳаст дар ӯ ҷон.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»