Давоми чанд соли охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи мамлакат ва шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 30 майдони варзишиву майдончаҳои бозиҳои кӯдакона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни маросими ифтитоҳи боз як майдони нави варзишӣ дар маҳаллаи Валдош Гулмамадови Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ изҳор доштанд, ки дар заминаи чунин дастгириҳо на танҳо сохтмони иншооти варзишӣ, балки дигар мушкилоти сокинон дар робита бо рӯ овардан ба ҳаёти солим, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, нақлиёт ва ғайра ҳал шуда истодаанд.
Алишер Мирзонабот бунёди майдончаҳои варзиширо на танҳо барои шуғл варзидан ба варзиш, инчунин, мазҳари иттиҳоди наслҳои ояндасоз атрофи беҳтарин арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна амалҳои ношоиста номид.
Сокинони шаҳр аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат изҳори фараҳу қаноатмандӣ карда, ба Пешвои миллат миннатдорӣ баён карданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»