Варзиш дар баробари дигар соҳаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шароит барои таъмини оммавияти варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик фароҳам омад ва ҷавонону варзишгарон зимни иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон бештар муаррифӣ карданд.
Ба касе пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Истиқлолияти давлатиро ба даст овардан нооромии зиёдро паси сар намуд. Қаҳрамонони бисёре ҳадафи тири нохалафон гардиданд. Наврасону ҷавонон аз таҳсилу таълим дур шуданд.
Он замон соҳаи варзиш низ фалаҷ ва хеле нигаронкунанда ба назар мерасид. Ҳам аз лиҳози моддӣ – техникӣ ва ҳам кадрӣ ақиб монда буд. Дар замони шӯравӣ, ки аксари мутахассисони соҳа русзабон буданд, ҳама рахти сафар бастанд. Касеро парвои чизе набуд. Бовар надоштанд, ки дар чанд даҳсолаи наздик касе ба ин соҳа диққат медиҳаду барои рушду нумӯи он кӯшиш мекунад, зеро аз ин дида соҳаҳои муҳимтар, амсоли маорифу тандурустӣ, «бо ду пой мелангиданд».
Аммо, бо амалӣ сохтани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони рушд бахшидани соҳаи варзиш дар кишвар пайдо шуд ва мутасаддиён ба таъсису барқарорсозии мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ — солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз бахшиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар мушкили асосии варзишгарон набудани толорҳои варзишӣ ба ҳисоб мерафт. Барои омода шудан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷои муайяни тамрин надоштанд. Толорҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва барқарор шудани амну субот дар кишвар мушкили варзишгарони тоҷикро дар кӯтоҳтарин муҳлат аз байн бурд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9000 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст. Аз нигоҳи моддиву техникӣ ва кадрӣ низ оҳиста – оҳиста соҳа пурқувват гардид. Ҳукумати кишвар варзишро чун яке аз асоситарин соҳаҳо дар муаррифии давлату миллат ҳисобида, баҳри пешбурди он тадбир ва барномаҳои махсусро роҳандозӣ кард. Қабули як қатор қонуну қарор, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои саривақтӣ баҳри пешбурди соҳа буданд.
Баъди таъмин намудани варзишгарони кишвар бо иншооти муосиру замонавӣ Ҳукумат диққати ҷиддиро баҳри дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намудани миллату давлат равона сохт. Барои амалӣ намудани ин нақша Пешвои миллат бевосита бо варзишгарони мамлакат мулоқот доир намуданд, ки дар он тамоми паҳлуи соҳаи варзиш таҳлил карда шуд.
Ҳамин тариқ, саҳифаи наве дар таърихи варзиши тоҷик боз шуд. Варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон то ба Бозиҳои олимпӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд.
Месазад зикр кунем, ки варзишгарони тоҷик дар 28 соли соҳибистиқлолӣ, ки тақрибан даҳ солаш дар пайи кашмакашҳову барқарорсозии суботи сиёсӣ сипарӣ гашт, ба дастовардҳое ноил гардиданд, ки дар 70 соли шӯравӣ ба он натиҷа нарасида буданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият, замоне ки дар кишвар бетартибиҳо ҷараён доштанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар мегардиданд ва бо медал ба Ватан бармегаштанд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1994 дар XII Бозиҳои Осиё, ки дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон баргузор шуд, ширкат варзид ва варзишгарон сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд. Умуман, дар Бозиҳои тобистонаи Осиё Тоҷикистон сазовори 27 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидааст.
Намояндагони кишвар дар Бозиҳои олимпӣ бори аввал соли 1996 дар шаҳри Атлантаи ШМА иштирок намуданд. Ҷамъ дар 28 соли соҳибистиқлолӣ онҳо сазовори 4 медали олимпӣ — 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ гардидаанд.
Ташаббуси дигари созанда ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон он аст, ки 9 январи соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шуд. Бо амрҳои Президенти ҷумҳурӣ солҳои 2015 — 2018-ум 135 варзишгар, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори медал гардиданд ва мураббиёни онҳо сазовори ин ҷоиза ва мукофотпулӣ шуданд.
Инчунин, маҳз дар давраи соҳибистиқлолии кишвар роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонии варзиш ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ҷумла, соли 1993 роҳбари ҳамонвақтаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Антонио Самаранч, соли 2013 роҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, собиқ роҳбари Федератсияи байналмилалии футбол Йозеф Блаттер, собиқ роҳбари Конфедератсияи футболи Аврупо Мишел Платини, раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Пешвои миллат мулоқот карданд.
Натиҷаи чанд моҳи соли ҷорӣ баёнгари он аст, ки соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад. Ба хотири оммавигардонии варзиш ва ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни он дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4600 мусобиқаи гуногун, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, интихобии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо 734 ҳазор варзишгар қувваозмоӣ намудаанд. Шумораи умумии чорабиниҳои варзишии доиркардаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6446 адад мерасад, ки дар онҳо қариб 1,3 миллион нафар ҷалб шудаанд. Аз ин шумора 25 дарсадро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, 284 варзишгари ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба 65 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ҷалб шудаанд. Шумораи умумии медалҳои бадастовардаи варзишгарон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 231 адад — 108 тилло, 16 нуқра ва 105 биринҷӣ мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 медал зиёд аст.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»