Тайи чанд рӯзи охир ибораи «Комроншоҳи Устопириён — Чемпиони Осиё» дар сархати расонаҳост. Номбурда, пас аз мағлуб намудани ҳарифонаш дар вазни то 90 кило аз кишварҳои Урдун, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Ҷопон дар шаҳри Тошканд медали тиллоии Чемпионати Осиёро дар гӯштии дзюдо ба даст овард.
Ғолибияти Комроншоҳро дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамроҳ бо роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио де-Женейро бо даҳ ҳазор сомонӣ тақдир намуданд. Тибқи меъёрҳои Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба варзишгарон, чемпионҳо ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла ба Комроншоҳ барои ба даст овардани медали тиллоии Чемпионати Осиё 75 ҳазор сомонӣ Ҷоизаи Президентӣ пешбинӣ шудааст.
Ба мо фурсат даст дод, то лаҳзае дар суҳбати аввалин Чемпиони Осиё аз Тоҷикистон дар намуди гӯштии дзюдо бошем ва таассуроти ӯро аз ин дастоварди бузург рӯи саҳифа орем.
- Нахуст шуморо бо комёбӣ самимона табрик мегӯям.
Мехостем хонандагони рӯзномаро бо шарҳи ҳолатон ошно намоем. Шумо аз чандсолагӣ вориди майдон гардидед ва устоди аввалинатон кӣ буд?
- Ҳафтуми январи соли 1993 дар деҳаи Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадаам. Нахустустодам падарам гӯштигир ва мураббӣ Усто Устопиров ҳастанд. Маро падарам дар сесолагӣ ба қасри варзишии «Ланглиф» оварда, чанд маротиба гирди гилеми гӯштигирӣ давр занонданд ва дар ҳузури дӯстон фотеҳа доданд, ки ба қуллаҳои баланди варзиш шарафёб гардам.
- Нахустин пирӯзӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар хотиратон ҳаст?
- Муваффақиятҳои аввалин ҳамеша дар хотири инсон бо ҳарфҳои заррин сабт мешаванд. Барои ман он замон мусобиқаи муҳим — баргузории Наврӯзи Ланглиф ба шумор мерафт, ки дар он паҳлавонон аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистону Қирғизистон низ ширкат мекарданд. Нахустин пирӯзиҳои ман дар ҳамин майдон ба даст омад ва роҳро барои ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ боз намуд.
Дар ин давра 12 маротиба Чемпиони Тоҷикистон оид ба гӯштиҳои самбо, дзюдо ва миллӣ гардидам. Дар маҷмӯъ, давоми 19 соле, ки ман қувваозмоӣ мекунам, панҷ маротиба Чемпиони қитъаи Осиё ва панҷ маротиба Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, ду маротиба Чемпион оид ба гӯштии кураш гардидам. Баъдан, барандаи Шоҳҷоиза шуда, бори аввал медали тиллоии ин шоҳҷоизаҳоро ба даст овардам. Чанд сол пеш оид ба гӯштии дзюдо Чемпиони Аврупо низ гардидам.
Ниҳоят, дар таърихи 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон унвони Чемпиони қитъаи Осиёро ба даст овардам, ки ин туҳфаи ман ба ин ҷашни миллӣ шуд.
- Барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ шуморо кӣ дастгирӣ мекунад?
- Солҳои аввали қувваозмоӣ ман аз ҳисоби дӯстону пайвандон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекардам. Минбаъд, барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ раиси Федератсияи самбои вилояти Суғд, инсони соҳибдилу соҳибмаърифат Наврӯз Валиев маро пайваста дастгирӣ мекарданд ва бо истифода аз фурсат ба ӯ барои пуштибониҳои беминнаташон миннатдории худро мерасонам.
Баъд аз пирӯзиҳои пай дар пай дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи масъулони вилояти Суғд низ бештар гардид. Раиси қаблии вилоят, ҳоло Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ маро хеле дастгирӣ намуданд, ки сипосгузорам.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тайи ду соли охир аксар сафарҳои маро ба хориҷи кишвар дастгирӣ мекунад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ низ ҳамеша кумакрасон ва пуштибони ман буданду ҳастанд.
Тавре таъкид намудам, ин ғамхориҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтаанд, ки ба мо — варзишгарон неру бахшида, умедамонро ба фардои дурахшони кишвар қавӣ месозад.
- Шумо дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ҳузур доштед. Бигӯед, ки аз он чӣ таассуроте бардоштед?
- Mехоҳам дар навбати аввал ба як нукта ишора намоям, ки мо — ҷавонон воқеан хушбахт аз онем, ки чунин Пешвои хирадпешаву оқил дорем, ки қишри ҷавони ҷомеаро таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои падаронаи худ қарор додаанд. 29 октябри соли 2012 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд толори хуштарҳу барҳавои гӯштигирӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки мо дар он пайваста машқу тамрин карда, барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ омодагӣ мебинем.
Илова бар ин, моҳи марти соли 2015 дар Амфитеатри назди Қасри Арбоб мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии миллӣ баргузор гардид, ки дар қатори паҳлавонони Тоҷикистон, ҳамчунин беҳтарин гӯштигирон аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ширкат доштанд. Банда дар ин мусобиқа сазовори ҷои аввал ва Шоҳҷоиза — мошини сабукрави тамғаи «Hunday» гардидам. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми супурдани Шоҳҷоиза ба ман гуфтанд:
- Комроншоҳ, ту дар кадом гӯшаву канори дунё, ки дар мусобиқаҳо ширкат меварзӣ, ҳеҷ гоҳ гумон макун, ки танҳоӣ, ҳамеша фикр кун, ки беш аз 8 миллион сокини Тоҷикистон ҳамроҳи туст ва туро дастгирӣ мекунанд.
Ин суханони Сарвари давлат ба ман неруи дучанд бахшиданд ва дар кишварҳои хориҷӣ, ҳар гоҳ ки вориди қувваозмоӣ мешавам, ҳатман онҳо дар гӯшам садо медиҳанд ва маро барои пирӯз шудан водор месозанд.
- Дар робита ба ин сухани Пешвои миллат ба ёд як қувваозмоии шумо мерасад, ки бо варзишгари ӯзбекистонӣ Шералӣ Ҷӯраев хеле шадид сурат гирифта буд…
- Таъкид менамоям, ки суханони Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ягона дастгири ман буданд. Қабл аз он ки ба қувваозмоӣ бароям, ин суханони нерубахш ва раҳнамунсоз ба хотирам расид. Мухлисон аз рақиби ман истиқбол менамуданд, аммо дар зеҳни ман ин суханони Пешвои миллат лаҳзаеро таҷассум намуд, ки ман дар пушти худ воқеан ҳам беш аз ҳашт миллион нафарро медидам ва онҳо нидо мекарданд: «Комроншоҳ, ба пеш». Гумон кардам, ки ин мусобиқа низ дар ҳамон Амфитеатр баргузор мешавад ва Пешвои миллат бо ҳашт миллион аҳолии Тоҷикистон маро тамошо доранд. Бо ҳамин эҳсос ба майдон рафтам ва пирӯз шудам.
- Дар фароварди суҳбат мехоҳам аз нақшаҳои ояндаатон пурсон шавам. Машқу тамринҳо дар куҷо сурат хоҳанд гирифт ва омодагиҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио де — Жанейро чӣ гуна ҷараён доранд?
- Омодагиҳо аллакай оғоз гардидаанд. Ман рӯзҳои наздик ба шаҳри Москва сафар мекунам ва он ҷо ҳамроҳи устодам Владимир Елчанинов чанд муддат машқ карда, барои иштирок дар мусобиқа барои дарёфти Шоҳҷоизаи гӯштии тарзи дзюдо, ки 15 май дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, омодагӣ мебинам. Сипас, дар машқҳои муштарак, ки дар шаҳри Мински Беларус ва Барселонаи Испания барпо мешаванд, иштирок хоҳам кард. Давраи ниҳоии омодагии мо 20 рӯз қабл аз баргузории Олимпиада дар кишвари Аргентина ҷараён хоҳад гирифт.
Мусоҳиб Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»