Муин Ғафуров дар UFC ҳарифи шикастнадидаи ҷопонияшро мағлуб кард

№№11 (4907) 24.01.2025

3621b5a3908f0c419fb6bf132797157c_XLРазмкори тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии UFC 311, ки дар Лос-Анҷелес баргузор шуд, ҳунарнамоӣ карда, пирӯзии навбатиро ба даст овард.

Муин Ғафуров рақиби худ Риня Накамураи ҷопониро шикаст дод. Риня Накамура қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини озод байни ҷавонон мебошад. Ин аввалин шикасти Накамура аст.

Мубориза се давр давом кард ва дар натиҷа бо қарори якдилонаи доварон пирӯзӣ насиби намояндаи Тоҷикистон гардид.

Ёдовар мешавем, ки набарди охирини ӯ моҳи июни соли 2024 дар мусобиқаи UFC дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) доир шуда, Кюнг Ҳо Канги кореягиро шикаст дода буд. Ӯ дар корномааш 21 ғалаба ва 6 бохт дорад.

М. Ғафуров фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз карда, тӯли даҳ сол 23 зӯрозмоӣ кардааст. Қаблан варзишгар дар мусобиқаҳои лигаҳои ACA, ONE FC, ADW ширкат дошт. Соли 2013 дар 19-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар вазни 62 кг дар шаҳри Москва ғолиб омада буд. Он замон дар сабқати ниҳоӣ бар Абзал Абилдошев аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»