Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё — 2025 роҳ ёфт. Ин даста дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «D» бо ҳисоби 3 бар 1 бар тими Эрон ғалаба кард.
Ғалаба имкон дод, ки тими Тоҷикистон дар гурӯҳ мақоми якумро ишғол карда, роҳхати Ҷоми ҷаҳон — 2025-ро, ки моҳи ноябр дар Давлати Қатар баргузор мешавад, ба даст орад.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар ҷомҳои ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) иштирок карда буданд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»