МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

№ 30.08.2024

Ба ифтихори Ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз 1-ум то 7-уми сентябри соли равон баргузор мегардад, хабар дода шуд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа варзишгарони беш аз 20 давлат иштирок мекунанд. Бозиҳо ба таври инфиродӣ, ҷуфт ва омехта доир мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2005 доир шуда, соли 2021 ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»