Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, чанде пеш варзишгари тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар шаҳри Бостони Амрико дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти ҷоми ба номи Ҷимми Педро, ки дар он 350 варзишгар аз мамолики гуногуни ҷаҳон — Канада, Австралия, Амрико, Гурҷистон ва ғайра ширкат варзиданд, мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни 66 кг. Х. Қурбонмамадов варзишгари Канадаро мағлуб намуд. Ин муваффақияти аввалини Хушбахт нест.
Дар маҷмӯъ, ӯ то кунун 25 медал ба даст овардааст. Чанд рӯз пеш хабар расид, ки Хушбахт дар мусобиқаи кушоди дзюдо дар Ню Ҷерси соҳиби ду медали тилло гардидааст.
Ҳамчунин, 29 январ дар шаҳри Ню-Йорк, дар мусобиқаи байналмилалии «Garden State Judo Classic» низ 9 рақиби худро мағлуб намуда, дар ду вазн-66 ва 73 кг мақоми аввалро соҳиб шуд.
Бояд қайд кард, ки Хушбахт Қурбонмамадов 23 сол дошта, маскуни Амрикост. Ӯ соҳиби камарбанди сиёҳ ва унвони Устоди варзиши сатҳи байналмилалист. Интизор меравад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва эҳтимол дар Бозиҳои олимпии соли 2020 низ Хушбахт Қурбонмамадов ИМА-ро муаррифӣ намояд.
- Орзу дорам, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпии 2020 шавам, — гуфтааст ӯ.
Н. Низомӣ,
«Садои мардум»