Варзиш дар ҳама давру замон воситаи муҳими ташаккули зеҳниву ҷисмонии ҷавонон маҳсуб меёфт ва басо рамзист, ки он яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бевосита ин масъаларо зери назорати хеш қарор додааст. Аз ин рӯ, варзиш дар кишварамон торафт рушду нумӯ меёбад.
Чанде пеш дар шаҳри Истаравшан «Рӯзи варзишгарон»- ро бо тантана таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии раиси шаҳр бо мураббиён ва варзишгарони варзидаи Истаравшани бостонӣ доир гардид. Пеш аз оғози вохӯрӣ қабули нахустин Қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэкван-до (ИТФ) Гулноза Ахмедова баргузор гашт, ки зери садои карнаю сурнай ва нидоҳои хушҳолонаи ҷавонону мактабиён сурат гирифт. Дар мулоқот раиси шаҳр изҳор дошт, ки Гулноза Ахмедова - дастпарвари клуби таэкван-до ва кикбоксинги шаҳр дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба таэкван-до (ИТФ), ки дар шаҳри Душанбе чор рӯз давом кард, баромад намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.
- Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2015» чораю тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, ба дастовардҳои назаррас муяссар гардид, — мегӯяд мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Фозилҷон Бобоев.
Имрӯз дар шаҳри Истаравшан 24 толори варзишии стандартӣ, ҳафт худсохт, се варзишгоҳ, 183 майдончаи варзишӣ мавҷуд буда, 6448 нафар ҷавонон дар онҷо ба варзиш фаро гирифта шудаанд. Бояд зикр намуд, ки баҳри пешрафти соҳаи варзиш дар шаҳр ду мактаби варзишии кӯдакону наврасон, як МВКН-и Иттифоқи касабаи вилояти Суғд бо номи «Ҳосилот» ва клубҳои варзишӣ бо фарогирии 2242 нафар ҷавонон фаъолият доранд. Инчунин дар мактабҳои мазкур ду нафар Устоди дараҷаи байналмилалӣ, панҷ нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаш нафар Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёздаҳ нафар Устоди варзиш, ҷамъ 57 нафар мураббиён кору фаъолият доранд. Дар нимсолаи аввали соли 2014 дар шаҳри Истаравшан се мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намудҳои гӯштии юнонӣ-римӣ, чор мусобиқаи вилоятӣ, 27 мусобиқаи шаҳрӣ гузаронида шудааст. Варзишгарони истаравшанӣ дар ин давра дар мусобиқаҳои вилоятӣ аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш 11 маротиба, ҷумҳуриявӣ — 15 маротиба ва байналмилалӣ панҷ маротиба иштирок намуданд.Онҳо махсусан аз рӯйи намудҳои варзишии гӯштии юнонӣ — римӣ, камарбандӣ, намуди таэквандо (ИТФ), дастхобонӣ ва бокс маҳорати баланд нишон дода, номбардори диёри худ гардидаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2014 варзишгарони шаҳр 174 медал ба даст овардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013-ум 12 адад зиёд мебошад. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони истаравшанӣ Парчами ватани азизамонро дар давлатҳои хориҷӣ парафшон намуда, ҳафт медал ба даст овардаанд.
- Айни замон мо бо варзишгарони номии диёр Мурод Тӯйчиев, Хусрав Облобердиев, Сарвар Исоқов аз рӯйи намуди гӯштии юнонӣ-римӣ, Самандар Элназаров, Ҳусниддин Тошмуродов, Суҳроб Ёриев, Зулакбар Султонов аз рӯйи намуди гӯштии камарбандӣ, Акмал Қодиров аз рӯйи намуди дастхобонӣ, Гулноза Ахмедова, Нишона Файзиева, Бахтиёр Турсунов аз рӯйи намуди таэкван-до, Нозим Ҳакимов, Акмал Саидов аз рӯйи намуди бокс ва садҳо варзишгарони дигар фахр дорем,- мегӯяд Фозилҷон Бобоев. Зеро онҳо бо маҳорати баланди касбии худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ обрӯву нуфузи Тоҷикистонро баланд бардошта, муаррифгари давлату миллати мо гаштаанд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»