Рӯзҳои 30-31-уми августи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон аз рӯйи 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат карданд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ 18 нафар – дар ҳар вазн дунафарӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг дар байни занҳо дар ин мусобиқа иштирок варзиданд.
Дар рӯзи якуми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 4 вазн — то 65, 70, 71 кг ва ҷамъи 95 қувваозмоӣ намуданд.
Дар вазнҳои аз 65 то 71 ва ҷамъи 95 кг гурӯҳи мардона варзишгарони тоҷик, Муллораҷаб Халифаев, Масъуди Аҳмадзод ва Шакармамад Мирмамадов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ шуданд.
Дар вазни 70 кг байни духтарон варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.
Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони тоҷик соҳиби 6 медал: 3 тилло, 1 куқра ва 2 биринҷӣ шуда буданд.
Дар рӯзи дуюми нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ паҳлавонони тоҷик 5 медали дигарро ба хазинаи тиллоии варзиши кишварамон зам намуданд.
Варзишгарон аз рӯи 5 вазн аз 78 то 86 ва — 95 кг байни мардон ва дар вазнҳои -52 то +70 байни духтарон қувваозмоӣ намуданд.
Дар вазнҳои — 86 ва — 95 кг варзишгарони тоҷик Ҳақназар Назаров ва Кароматулло Ҳакимов пирӯзӣ ба даст оварда, барандаи медали тилло шуданд. Дар вазни — 86 кг Қоим Шукронов, дар вазни — 95 кг Улуғбек Раҳимов ва дар вазни -52 кг Мадина Қурбонзода аз Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар вазни то 70 кг байни бонувон варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардиданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ба ғолибони нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ медалҳо ва ҷоизаҳоро тақдим намуданд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»