Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки мардум аз қадим ба тамрини зеҳну фикр ва варзиши бадан шуғл доштанду ҳувият ва ҳастиро то кунун бо тавоноии зеҳну баландии тафаккур ҳифз кардаанд. Аз ин ҷост, ки варзиш як шохаи фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад.
Нард як навъ варзиши фикрист, ки онро ниёгон эҳё кардаанд ва баробари шоҳмот дар ҷаҳон маъмул мебошад.
Бар асоси матни «Чатранг-номак» («Шатранҷнома») ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, пайдоиши нард ба давраи Сосониён рост меояд, ки дар муқобили шоҳмот сохта шудааст. Бузургмеҳр – вазири Хусрави Анӯшервон нардро сохт ва ба ифтихори Ардашери Бобакон – асосгузори давлати Сосониён «невардашер» номид. Онро аввал «анардашер», «нардшер» низ мегуфтаанд.
Фирдавсӣ дар бораи Бузургмеҳр мегӯяд:
Хирад бо дили равшан анбоз кард,
Ба афсуну андеша бинҳод нард.
Ду муҳра бифармуд кардан зи оҷ,
Ҳама пайкари оҷ ҳамранги соҷ.
Яке размгаҳ сохт шатранҷвор,
Дурӯя баророста корзор.
Пас аз кушодани сирри бозии шоҳмот ва нардро сохтани Бузургмеҳр Анӯшервон дар номае, ки ба Ройи ҳиндӣ менависад, аз ҷумла мегӯяд:
Ниҳодем бар ҷойи шатранҷ нард,
Кунун то ба бозӣ кӣ орад набард…
Сохтори нард марбут ба вобарҳо ва донишҳои вобаста ба шинохти замин ва коинот аст: тахтаи нард – кураи замин, чаҳор бахши сатҳи тахта – фаслҳои сол, ранги сиёҳу сафеди муҳраҳо – рӯзу шаб, 30 муҳра – рӯзҳои як моҳ, гардиши тосҳо – гардиши афлок ва ситорагон, гардиши муҳраҳо – ҳаракати мардум дар рӯи замин. Шумораи холҳои дар тосҳо буда (аз 1 то 6 хол) низ дорои рамзҳои махсус будаанд. Нард фарогири андеша, ҷаҳонбинӣ ва донишу тафаккури созандагон буда, аз сарчашмаи фарҳанг ва тамаддуни қадим об мехӯрад.
Мувофиқи маълумоте, ки Наим Турсунов дар Энсиклопедияи советии тоҷик овардааст, аслан ҳафт навъи бозӣ бо нард вуҷуд доштааст, аммо фақат се-чор навъи он то замони мо расидааст.
Шояд сабаби то имрӯз нарасидани намудҳои дигари нардбозӣ «ҳаром» шуморидани он аз нигоҳи динӣ низ бошад. Таърихи давраи тоисломии халқ нишон медиҳад, ки нардбозӣ миёни ҷомеа ривоҷ дошта, пас аз истилои арабҳо аз равнақ бозмондааст. Ба андешаи муҳаққиқ Нозим Нурзода, варзиши фикрӣ (нард ва шоҳмот) андеша карданро меомӯзад ва боиси нерумандии фикр гардида, инсонро ба озодандешӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зидди он тадбирҳои шадиде аз сӯйи мутаассибони динӣ дар он давра андешида шуд.
- Шигифтовар он аст, ки баъзе нафарони хурофотӣ онро куфр медонанд. Вақти он расидааст, ки ин бозӣ ба мисли пештара бо шукӯҳу шаҳомат оммавият касб намояд, — зикр кард номбурда.
Дар ҳоле ки баъзе аз халқу миллатҳо нардро «як ҷузъи фарҳанги халқи худ» меҳисобанд, иддае онро «ҳаром»-у «куфр» меноманд. Ба ғайр аз ин, дар бисёр ҷойҳо нардро ба қимор табдил медиҳанд, ки аҳамияти он аз байн меравад. Ба назари мудири шуъбаи нашриёти «Адиб» Наср Бобои Сарфароз ин «табдилдиҳӣ» тамоман нодуруст аст:
- Нард ва шоҳмот бойигарии маънавӣ ҳастанд, ки фикрро тараққӣ медиҳанд. Ва ин бозиҳоро ба қимор табдил додан мумкин нест. Баъди кор, вақти истироҳат нард ё шоҳмот бозидан фикрро тоза ва илҳоми корро дучанд мекунад. Наврасе, ки нарду шоҳмот бозиданро аз хурдӣ ёд мегирад, мафкурааш тез рушд меёбад ва аз дигар ҳамсинфонаш пешсаф мешавад, — мегӯяд ӯ.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»