Нокаути рақиб ва мукофоти иловагии Муҳаммад Наимов

№73 (4656) 05.06.2023

Без имени-1Чоруми июни соли равон мусобиқаи UFC Vegas 74 баргузор шуд, ки дар он ду варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров ширкат карданд.

Муҳаммад Наимов рақиби австралиягияаш Ҷейми Малларкиро ба нокаут фиристод.

Муҳаммад Наимов дар суханрониаш пас аз ғолибият бо эҳсосот чунин гуфт:

- Бовар дорам, ки дилхоҳ нафарро дар вазни сабук ва нимсабук шикаст дода метавонам. Ашки ман барои он аст, ки се сол интизори имрӯз будам. Се сол мубориза бурдам, то дар ин майдон Парчами давлати кишварамро баланд бардорам.

Президенти ташкилоти UFC Дана Уайт ба ӯ аҳсан гуфта, хабар дод, ки барои муҳорибаи беҳтарин иловатан 50 ҳазор доллари амрикоӣ ҳадя хоҳад гирифт.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»