Номаи сипос

№54 (3848) 03.05.2018

Комрон4Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Басо фараҳмандам, ки дар мусобиқаи байналмилалии Шоҳҷоизаи дзюдо дар шаҳри Анталияи Туркия пирӯз гардидам ва Парчами Ватанро парафшон кардам. Дар он лаҳзаҳои мондагори пирӯзӣ насиҳати падаронаи Шумо, ки гуфта будед: «Ту худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис макун, дар паси ту ҳашт миллион мардуми Тоҷикис­тон истодааст», дар гӯшам садо медод ва ифтихор мекардам, ки насли мо дар давлате ба воя расидааст, ки бе ҳеҷ муҳобо, онро Шумо сохтаед. Маҳз ғамхориҳои Шумо, Пешвои кабири миллати сарбаланд буд, ки варзишгарони ҷавоне, ба монанди ман, имкони дар мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ роҳ ёфтан ва пирӯз шуданро пайдо кунанд. Барои тарбияи як варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ маблағи зиёд даркор аст ва сохторҳои марбутаи варзиши ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, баъзе соҳибкорон ва ширкатҳои муваффақ бо дастуру ҳидоятҳои Шумо, Пешвои миллат, имкони молии тамринот ва сафарҳои варзишии маро фароҳам оварданд, ки самимона сипосгузорам.

Мухлисони азизам маро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баъди пирӯзӣ дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтанд, расонаҳои чопию электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ин комёбии варзиши тоҷикро инъикос карданд, шоирон васфам намуданд, ки ин ҳама масъулияти маро садчанд гардонид.

Пешвои муътабар, Президенти халқпарвар!  Шумо ва дар симои мунаввари Шумо мардуми шарифи тоҷикро бовар мекунонам, ки минбаъд низ дар мусобиқоти байналмилалӣ Парчами Тоҷикистонро баланд мебардорам ва барои расидан ба қуллаи баландтарин дар «Бозиҳои олимпии соли 2020» тамоми кӯшиш, маҳорат ва ғайратамро сафарбар менамоям.

 Бо эҳтироми бепоён,

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН