20 — уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе Ниммарафони XIV байналмилалӣ баргузор гардид. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳо бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор карда шуд.
Иштирокчиёни чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шодбош гуфта, зикр кард, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки ба рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо ворид гардидааст.
Дар он варзишгарон аз кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эфиопия, инчунин, алоқамандону варзишгарони касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, аз қабили кормандони сафоратхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ширкат варзиданд.
Варзишгароне, ки ҷойҳои 1-ум то 6-умро ишғол намуданд, дар алоҳидагӣ бо 38500 сомонӣ (3500$), 33500 сомонӣ (3000$), 27500 сомонӣ (2500$), 22000 сомонӣ (2000$), 19800 сомонӣ (1800$), 16500 сомонӣ (1500$) ва диплому ҷом қадрдонӣ шуданд.
Ниммарафони байналмилалии Душанбе соли чордаҳум аст, ки баҳри таҷлили шоистаи Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад.
Миёни мардон Виталий Шафа (Украина), Отабек Тошқуватов, Нодирбек Матолибов (Ӯзбекистон), Рахимжан Калманов (Қазоқистон), Ойбек Маҳмадаминов (Ӯзбекистон), Юрий Чечун (Федератсияи Россия) ва аз байни занон Азизахон Мирзахбарова (Ӯзбекистон), Сергеева Виктория (Қазоқистон), Маҳинабону Комилова (Ӯзбекистон), Раҷабмоҳ Абдуллоева, Уляна Кузминова, Маҳина Боронова (Тоҷикистон) дар мусобиқа ғолиб гардиданд.
«Садои мардум»