13-уми апрели соли 2025 дар пойтахти кишвар маросими кушодашавии расмии Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ — «Eliminator Mountain» баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур дар майдони «Дӯсти»-и пойтахт, аз назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, дар он 120 нафар варзишгар аз 40 кишвар иштирок намуданд. Мақсад аз ин мусобиқа оммавигардонии ин навъи варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд роҳандозӣ шуд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»