Даҳаи аввали моҳи равон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони васоити ахбори омма мусобиқаи футболи хурд доир гардид. Дар он 10 даста қувваозмоӣ кард. Дастаи «Садои мардум» бозии хуб нишон дода, баъди ғолибият дар гурӯҳ ба нимфинал баромад.
Бозии финалӣ миёни дастаҳои «Шарқи озод» ва «СССР» бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфт.
Ҳамин тавр, дастаи «Шарқи озод» ҷойи якум, «СССР» ҷойи дуюм, рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
С. САЙФИДДИН, «Садои мардум»