Дастаи чавгонбозони «Шакарбаланд»-и мактаби варзишии ноҳияи Муъминобод соли 2006 таъсис ёфтааст. Мутаассифона, аз замони ташкилшавӣ тамрингоҳ надорад ва чавгонбозон дар майдончаи варзишии гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»-и деҳоти «Балхобӣ»-и ноҳия тамрин мекунанд. Роҳбари даста ва сарвари гимназия Ҳабибулло Қурбонов мегӯяд:
- Маълум аст, ки чавгонбозӣ мероси қадимӣ мебошад. Чанд сарчашмаи таърихӣ моли тоҷикон будани онро собит кардаанд. Ҳатто дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аз чавгонбозӣ ҳарф рафтааст. Маҳз ба хотири гузаштагон банда ин намуди варзишро интихоб намудам. Мақсад доштам, ки чавгонбозиро дар минтақаи Кӯлоб эҳё кунам. Ҳайати дастаро толибилмон ва хатмкардагони гимназия ташкил медиҳанд. То имрӯз даста дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, беҷоиза барнагаштааст. Зиёда аз 400 медали тилло, нуқра ва биринҷиро соҳиб шудем, ки далели талоши чавгонбозони даста аст.
Соли 2015-ум 5 бозингари даста ба тими мунтахаби ҷумҳурӣ шомил гардида, дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Талдиқӯрғони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ширкат варзиданд. Нахустин бор дастаи мардонаи чавгонбозони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид ва миёни 8 давлати дунё ҷойи чаҳорумро ишғол кард.
Дар тӯли фаъолияти 12 — сола дастгирии аз ҳама назаррасро барои чавгонбозон роҳбари ширкати «Хайри Неъмат»-и шаҳри Кӯлоб кард. Ӯ барои даста чавгонро, ки нархаш басо гарон асту танҳо дар Ҷумҳурии Исломии Покистон истеҳсол мешавад, дастрас намуд. Барои ин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ аз ӯ бениҳоят миннатдорем.
Ба суоли «то имрӯз барои рушди чавгонбозӣ чӣ дастгириҳо кардед?» дари чанд идораи масъули ноҳияи Муъминободро кӯфтем. Ҳама «доим дастгирӣ мекунем», — мегӯянд, аммо ҳеҷ гуна дастгирӣ дида намешавад.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастаи чавгонбозонро дар сафарбар намудан ба мусобиқаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ пайваста мадад мекунад. Агар дастгирии мутасаддиён набошад, онҳо имкони дар мусобиқаҳо ширкат намуданро нахоҳанд дошт. Даста дар кадом чорабинии варзишие, ки ширкат варзад, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешавад. Нақша дорем, ки дар оянда камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоем, — мегӯяд муовини раиси ноҳия Лутфия Шарифзода.
Мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия Абдулло Раҷабов изҳор дошт, ки дастаи «Шакарбаланд» аз рӯйи имкониятҳои молиявӣ дар мусобиқаҳо иштирок мекунад. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мактаби варзишӣ ва бахши кор бо ҷавонон соли 2017 чавгонбозон дар ду мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб низ барои иштирок дар чорабиниҳо кумак мекунад. Майдончаи варзишии гимназия, ки чавгонбозон дар он тамрин мекунанд, солҳои 2014-2015 ба тариқи ҳашар сохта шудааст. Албатта, масоҳати майдонча барои чавгонбозӣ он қадар мувофиқ нест».
Майдончае, ки ба гуфти Абдулло Раҷабов бо кумаки МИМҲД, бахшҳои кор бо ҷавонони ноҳия ва минтақаи Кӯлоб бунёд шудааст, ба ғайр аз ду дарвоза дигар ашёе надорад. Барои сохтани он ва иштирок дар мусобиқот аз ҳисоби буҷети ноҳия чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст, касе аз масъулон намедонад. Танҳо сардори Раёсати молияи ноҳия Қодир Азиззода, зикр кард, соли 2015 барои иштироки даста дар мусобиқаи байналмилалӣ маблағ ҷудо шуд. Соли 2017 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дастаи «Шакарбаланд» маблағгузорӣ нашудааст.
Мудири бахши ҷавонон ва варзиши минтақа Зайниддин Давлатов, роҷеъ ба ин масъала иброз намуд: «Дастаи чавгонбозони «Шакарбаланд»-ро барои дар чорабиниҳои варзишӣ ширкат варзидан пайваста дастгирӣ мекунем. Дар сохтани дарвозаҳо маблағгузорӣ кардам. Ғайр аз ин, барои чавгонбозон аз Покистон чавгон харидем.
Асосан, тимро бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таъмин намояд. Чавгонбозон метавонанд, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия машқ гузаронанд. Аз сабаби он ки деҳоти «Балхобӣ» аз ноҳия дар масофаи 55-60 километр ҷойгир шудааст, чавгонбозон шароити ҳар рӯз рафта омаданро надоранд».
Масъулон таърифу тавсиф мекунанд, ки «Мо дарвоза сохтему чавгон харидем…», аммо роҳбари даста Ҳ. Қурбонов то чӣ андоза дастгирӣ ёфтану маблағгузорӣ шудани дастаи «Шакарбаланд»-ро бо як ҷумла шарҳ дод:
- Ростӣ, соли 2015 ҳангоми сафари чавгонбозон ба Ҷумҳурии Қазоқистон танҳо дуо ва роҳнамоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мактаби варзиширо гирифта будему халос.
Саҳлангории масъулон нисбат ба чавгонбозӣ ғайри ба гумномӣ бурдан ва дилсард намудани чавгонбозон ҳосили дигаре ба бор намеорад. Шояд онҳо намедонанд, ки бо «дуо»-ю «роҳнамоӣ» ва таърифу тавсифи хушку холӣ ягон соҳа рушд намекунад.
Ёқуби Содиқ,
«Садои мардум»