Пирӯзии паҳлавонони гулистонӣ

№ 18.06.2016

Дар толори варзишии «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи нахустин прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев мусобиқаи кушоди гӯштин тарзи юнонӣ – румӣ доир гардид.

Паҳлавонони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров аз рӯи 13 вазн миёни ҳам рақобат карданд. Дар мусобиқа 146 нафар гӯштингир иштирок дошт.

Паҳлавонони шаҳри Гулистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Абдуқодир Аминов 22 медал ба даст оварда ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Паҳлавонони шаҳри Хуҷанд бошад бо 18 медал ҷойи дуюм ва паҳлавонони шаҳри Бӯстону ноҳияи Б.Ғафуров ҷойҳои минбаъдаро ишғол намуданд.

Абдусамад Даминов (дар вазни 18 кг), Шаҳриёр Турсунов (дар вазни 21 кг), Шамил Атахонов (дар вазни 38 кг), Меҳробиддини Ибодулло (дар вазни 42 кг), Фирдавс Тозагулхонов (дар вазни 46 кг) ва Сиёвуши Хуҷамурод (дар вазни 54 кг) сазовори ҷойи якум гардиданд. Ғолибон бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»