Рӯзи ҷаҳонии футбол — рушди дипломатияи варзишӣ ва ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон

№66 (4806) 24.05.2024

Рамзи Рузи чахонии ФутболТашаббуси байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ мавриди пазириш қарор гирифта, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии футбол» қабул гардид, ки дар шинохту рушди ҷомеаи солиму созанда ва дипломатияи варзишӣ муждаи нек мебошад. Тоҷикистон дар даврони беш аз 30 соли истиқлол тавонист бо эҷоди мактаби сулҳу суботу созандагӣ дар масоили гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла обу экология ва роҳу усулҳо барои ҳифзу ҳимояи пиряхҳои ҷаҳон, ташаббусҳои созанда пешниҳод намуда, мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонад.

Дар рушди ҷомеаи солим нақш ва ҷойгоҳи варзиш муҳим арзёбӣ шуда, дар забони дипломатия он чун қосиди сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои ҷаҳон, ба таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибатҳо мусоидат менамояд, зеро давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ба як навъ ҳамгироию иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз, мусобиқаҳои варзишӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо ҳамкориро дар доираи рушди ҷомеаи солим тавсеа бахшанд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи намудҳои варзиш, хусусан футбол, дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳи солимгардонӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Он падидаи фарҳанги умумиҷаҳоние аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур мекунад. Футбол варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд.

Бояд ишора кард, ки президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшу аҳамияти футболро дар сатҳи ҷаҳон муҳим шуморида, пешниҳод намуданд, ки тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул шавад.

4-14-1000x600Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нахустини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол дар ҷаҳон бо иттифоқи оро пазируфт.

Дар қатънома аҳамияти варзиш дар рӯҳияи сулҳ, тафоҳум, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги дорои хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомездошта нақш мебозад.

Мавриди зикр аст, ки варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад. Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ байни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқаррар ва танзим менамояд. Давоми 33 соли истиқлол варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кард. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташкил шуд, ки узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад ва роҳбариашро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд. Истиқлол ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то онҳо фаъолона дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.

Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими сулҳ ва муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар таърих он ҳамчун воситаи баланд бардоштани обрӯи давлату миллат ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳо хизмат мекунад. Дар ин зимн, Бозиҳои олимпии Юнони қадим яке аз намунаҳои аввалини дипломатияи варзишӣ буданд, ки варзишгаронро аз минтақаҳои гуногун муттаҳид ва ягонагиро таҳким мебахшиданд.

Дар замони муосир дипломатияи варзишӣ барои бартараф кардани ихтилофҳо ёрӣ расонида, намунаи беҳтарини онро байни кишварҳои ҷаҳон метавон мушоҳида кард. Аз ҷумла, сафарҳои варзишгарон, аз қабили тими тенниси рӯи мизи ИМА ба Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ, ки ихтилофи сиёсӣ доранд, дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчанг дар соли 2018 зери як парчам вориди варзишгоҳ шуданд, ки ба коҳиши танишҳо мусоидат кард. Тими духтаронаи ҳендболи Тоҷикис­тон соли 2022 бо тими Ӯзбекистон мусобиқа намуда, ҷойи дуюм ва соли 2023 дар мусобиқаи Челенҷ-трофӣ дар шаҳри Файсалободи Покистон ҷойи сеюмро ишғол карда, соҳиби медал гаштанд, ки далели заминаҳои хуби иқтидори дипломатияи варзишӣ ва дӯстӣ байни кишварҳо мебошад. Дастаҳои духтарона ва писаронаи чавгонбозони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон, иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ки заминаи рушди ҳамсоягию ҳамбастагӣ ва дӯстии байни ин кишварҳоро нишон медиҳад.

Ин мисолҳо тавоноии варзишро дар рафъи монеаҳо ва оғози муколамаи дипломатӣ ба таври дуруст нишон медиҳанд. Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими муносибатҳо ва коҳиш додани муноқишаҳо замина ба вуҷуд оварда, дарҳоро барои ҳамкорӣ боз менамояд.

Дар Тоҷикистон ташкилоту федератсияҳои гуногуни варзишӣ барои рушди ҷомеаи солиму созанда фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишие аст, ки футболро дар мамлакат идора ва назорат мекунад, дар рушди дипломатияи варзишӣ нақши муҳим бозида, тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби олимпӣ ва футзалу футболи занона ташкил ва сарпарастӣ карда, иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд.

1052912026_0_0_1280_913_1440x900_80_0_1_98d7f29a432b929de47da7090df86bb6Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аввалин маротиба дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи Қатар фаъолона иштирок карда, то даври чорякфинал баромад. Дар бозии даври чорякфинал футболбозони мо дар рақобати баробар бо дастаи миллии Урдун қувва озмуда, ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора ворид шуд.

Ин чорабинии варзишӣ қобилияти варзишро барои муаррифии давлат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат нишон дод. Бо чунин арзишҳои воло ва барои рушди ҷомеаи солиму созанда ҳамаи намуди варзиш, аз ҷумла футболро бояд истифода намуд. Чунин табодул таъсири амиқи дипломатӣ дошта, робитаҳоро осон мекунад, ки аксар вақт тавассути воситаҳои анъа­навии дипломатӣ ба онҳо расидан душвортар мебошад.

Ҳамин тариқ, қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон ва эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол чун рушди дипломатияи варзишӣ далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкории байналмилалии варзишӣ низ барои оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва зарур мешуморад.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ