Рамзи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки минбаъд ҳамасола 25-уми май таҷлил карда мешавад, тасдиқ гардид. Ба ин муносибат, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми май бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивал баргузор мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри тавсеа ва рушду инкишофи футболи тоҷик азму талош ва кӯшишҳои зиёде намуданд ва воқеан ҳам, ин кӯшишҳои хастанопазири муҳтарам Рустами Эмомалӣ самараи нек ба бор овард.
Ба хотир меорем, ки чанде қабл Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ расман «Рӯзи ҷаҳонии футбол», эълон гардад. Дар пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба СММ 9-уми феврали соли 2024, аз ҷумла, чунин таъкид гардида буд: «Мардуми сайёраи Замин бештар аз якуним қарн аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Маълум аст, ки футбол дар баъзе кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва ба забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар СММ аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ «Рӯзи ҷаҳонии футбол», расман эълон гардад…».
Боиси дастгирӣ ва ифтихору сарбаландии ҳамагон гардид, ки рӯзи 7-уми май Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.
Ин рӯйдоди фараҳбахши таърихӣ, ки дар кишварамон теъдоди ҳаводорону ихлосмандони бозии футбол ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст, як ҳамовозии беназири гарму самимиро ба миён овард.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»