Рушди варзиш дар Шаҳристон

№124 (3425) 16.09.2015

Чанде қабл бо мақсади ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, бо дастгирии раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Умар Ёқубзода дар деҳоти «Бунҷикат» муассисаи нави варзишӣ  ба фаъолият шурӯъ кард. Ба ин васила даҳ нафар устодони варзиш бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардида, қариб 160 нафар наврасон — дӯстдорони варзиш ба ин муассисаи варзишӣ ҷалб шуданд.

Дар деҳоти «Шаҳристон» бошад, як адад муассисаи варзишӣ  фаъолият мекунад, ки дар он 200 нафар наврасон ба варзиш машғул мебошанд ва 14 нафар устодони варзиш ба онҳо таълим медиҳанд.

Бино ба иттилои масъулин, дар ин муассисаи варзишӣ мураббиёни беҳтарин аз рӯи намудҳои варзиши каратэ-до Фаррух Файзиев ва таэкван-до Бунёд Ниёзов ба таълиму тарбияи наврасон машғул мебошанд ва дар як муддати кӯтоҳ бо шарофати ин ду мураббӣ  даҳ нафар наврасон то ба дараҷаи  чемпионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расидаанд.

Қобили зикр аст, ки аз ноҳияи Шаҳристон чандин варзишгар дар чемпионатҳои Осиё ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд.

Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Илҳом Имомназаров гуфт, ки дастпарварони ин муассисаи варзишӣ  Комила Раҷабова — иштирокчии мусобиқаҳои байналмилалӣ, соли 2014 аз рӯи намуди таэкван-до-ВТВ ҷойи дуюм, Гулӣ  Анорбоева соли 2015 дар чемпионати Осиё аз рӯи ҳамин намуд ҷойи якум, Ҷасур Абдуллобеков аз рӯи намуди каратэ-до ҷойи дуюмро ишғол кардаанд.

Дастаи волейболбоздухтарони ноҳия дар мусобиқаи вилоятии бонувон оид ба волейбол, ки санаҳои 4-5 майи соли равон дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардида буд, дар байни ҷавондухтарони вилояти Суғд соҳиби ҷойи дуюм гаштанд.

Бо дастгирии раиси Федератсияи футболи ноҳия — раиси ноҳия Умар Ёқубзода дастаи яккачини ноҳия дар лигаи якуми чемпионати вилояти Суғд иштирок карда, дар марҳилаи якум байни 18 шаҳру ноҳияи вилоят сазовори ҷойи сеюм гардидааст.

Дар нимсолаи дуюми соли 2014 ва шашмоҳаи аввали соли 2015 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат варзида, 17 медали тилло, 25 медали нуқра ва 40 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

 

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»