Сарнавишт

Рустаме аз домани сабзи Душанбе

№97 - 102 (3577-3582) 01.08.2016

РустамрангаМАҶРОИ ҚИСМАТ

    Дар замони, ба истилоҳ, ҷаҳонишавӣ ҷойи ҳайрат нест, ки кас шаҳрвандии дигар давлатро соҳибу муқими он кишвар гардад. Тоҷикистони офтобрӯяи мо низ аз ин раванд истисно нест. Намояндагони халқу миллатҳои гуногун дар он маскун буда, таҳсил ва кору зиндагӣ менамоянд. Дар баробари ин, ҳамватанони мо низ хориҷ аз мамлакат умр ба сар мебаранд. Барои ин ҳеҷ касро маҳкуму сарзаниш кардан дуруст нест, чунки сарнавишти ҳар кас ҳар гуна шакл мегирад.  Муҳимтар аз ҳама, ба фаромӯшӣ набурдани забон, ватани аҷдодӣ, пайвандону ҳаммиллатон аст. Рафту касе аз онҳо кореро анҷом диҳад, ки ба хотири некуаҳволӣ ва пешрафти халқу меҳан бошад, беҳтарин исботи ватандорӣ мешавад.

Рустамхоҷа Раҳимовро ҳам дар гӯшаи хаёл набуд, ки рӯзе мерасаду Ҷумҳурии Федеролии Олмонро макони зист интихоб мекунад.  Аз қисмату тақдир будааст, ки ҳамин тавр шуду монд. Дарвоқеъ, баъзан ҳолатҳое низ дар ҳаёт рух медиҳанд, ки шахс дар ихтиёри худ нест. Бидуни майлу хоҳиши ӯ корҳое сурат мегиранд, ки имкони муқобилият нишон додан ё рад карданро дар худ пайдо намекунад.

Дар асл, Рустамхоҷа Раҳимов 16 феврали соли 1975 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаву ба камол расидааст, ки аз ин шукргузор аст. Падараш Назрихоҷа Раҳимов ва модараш Ҷавлон Давлатова сокинони шаҳри Душанбе мебошанд. То чорсолагӣ дар тарбияи бибиаш буд. Баъдан, то ҳафтсолагӣ тарбияи кӯдакистонро гирифт. Сипас, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и зодгоҳ ва факултаи муолиҷавии Коллеҷи тиббии  пойтахти мамлакатро хатм кард.

Аслан, ба ҳиҷрати ӯ оилаи варзишии онҳо ва варзиш боис гардиданд. Падараш боксёри шинохта ва Чемпиони ҷумҳурӣ аст. Амакаш Давлат Раҳимов, ки мураббии Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои гӯштин» — и назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳист, айёми ҷавонӣ яке аз гӯштингирони номии кишвар ба ҳисоб мерафт ва ҳар дафъа, ҳини бозгашт аз мусобиқот, барои Рустамхоҷа  либосҳои варзишӣ туҳфа меовард.  Маҳз ӯ дар дили Рустамхоҷа аввалин шуда, меҳри варзишро бедор кард ва бисёр мехост, ки идомадиҳандаи касби вай бошад. Вале Рустамхоҷа давомдиҳандаи роҳи падар гардид. Яъне, аз дувоздаҳсолагӣ ба бокс меҳр пайдо кард. Ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрати ӯ аз назари мутахассисон пинҳон намонд. Ҳамин буд, ки бо Рустамхоҷа ҷиддитар муносибат мекарданд. Ҳамин тариқ, ӯ таҳти роҳбарии Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Усмон Ҳалимов машқ кард ва тавонист ба боварӣ сазовор гардад.

Аввалин ҳунарнамоиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ (шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия) нағз ёд дорад. Ӯ он вақт 13 сол дошт ва дар вазни 32 кило натиҷаи хуб ба даст овард.

САФАРИ ТАҚДИРСОЗ

Соли 1995 ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон ба Олмон сафар кард. Дар ҳамон шабу рӯз дастаи мунтахаби бокси Олмон ба Бозиҳои олимпии Атланта омодагӣ мегирифт. Боксчии навраси тоҷикро мутахассисони олмонӣ дар ҷараёни мусобиқа таги чашм карданд. Баъдтар ба Тоҷикистон баргашта, дуо ва ризояти волидонро барои дар Олмон мондан гирифт. Ба муҳити наву ноошно мутобиқ шудан ба ӯ бо осонӣ даст надод. Забони немисиро низ оҳиста – оҳиста ёд гирифт ва соли 2002 шаҳрвандии ин кишварро қабул кард.

Ҳамин тариқ, баъди машқу тамрини зиёд Рустамхоҷа Раҳимов таҳти роҳбарии мураббии нави олмониаш Валентин Силагини руминиягӣ зимни иштирок дар Чемпионати Аврупо, ки соли 2004 дар шаҳри Пулаи Хорватия доир шуд, ҷойи сеюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Афина гардид.

- Дастёбӣ, иштирок  ва комёбӣ дар Бозиҳои олимпӣ ин орзуи ҳар як варзишгар мебошад, — мегӯяд Рустамхоҷа.  – Ростӣ, намедонам, ки чӣ тавр инро шарҳ диҳам. Муваффақ шудан барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Афинаро дар хобам пешакӣ дидаам. Тааҷҷубам боло гирифту ба худ гуфтам, ки бисёр андешаву орзу карданам ба ин боис шудагист. Вале дафъаҳои дигар ҳам  ҳар барору комёбиамро пешакӣ хоб медидам. Ин барои худи ман ҳам аҷоиб буд. Ҳарифони ман дар ин Олимпиада аз Колумбия, Намибия ва Куба буданд. Дар вазни 51 кило баромад доштем. Мутаассифона, кор омад накарду дар саргаҳи муваффақият баъди ғолиб омадан ба ду ҳариф аз варзишгари кубагӣ шикаст хӯрдам, ки то имрӯз худро бахшида наметавонам. Вале чӣ илоҷ, варзиш варзиш аст. Шояд ҳамон рӯҳафтодагию дилшикастагӣ аз он нобарориам буд, ки дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 низ дар вазни 54 кило баромад карда, боз ба нокомӣ дучор омадам. Аз ҳамонҳое низ бартарӣ пайдо накардам, ки дар Чемпионати Аврупо мағлубашон намуда будам. Баъзеҳо мегуфтанд, ки тағйири обу ҳаво накарданам пеш аз мусобиқа шояд ба ин сабаб шуда бошад. Бо ҳамин ду соли дигар тамрин намуда, аз соли 2010 пурра ба кори мураббигӣ гузаштам. Алҳол дар Маркази олимпии Ҳадилберг, яке аз шаҳрҳои Олмон, варзишгарони ҷавонро машқу тамрин медиҳам. Дар байни шогирдонам варзишгарони умедбахшу ояндадор кам нестанд. Айни замон барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 омодагӣ дида истодаем, — ҳикоя намуд Рустамхоҷа.

«ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ, ҲАМЕША БО ВАТАН МАСРУР»

Рустамхоҷа ба ояндаи бокси тоҷик хушбин аст, бо муштзанҳои номии кишвар Анвар Юнусов, Шарифхӯҷа Раҳимов, Ҷамшед Султонов ва мураббӣ Мирзо Шамсиев робитаи корӣ дорад.

-Меҳру талоши боксёрҳои тоҷик, мутахассисони соҳа қобили таҳсин аст, — мегӯяд ӯ. — Аммо дар муқоиса бо давлатҳои Аврупо  алҳол имкониятҳои иқтисодӣ даст намедиҳанд, ки барои пешрафти соҳа шароити боз ҳам хубтари машқ, фаъолият ва ҳавасмандгардонӣ муҳайё бошанд. Чунки бе заминаи мустаҳками моддӣ пешрафти дилхоҳро соҳиб шудан мушкил аст. Лоақал, сарпарастони ватандӯст ёфтан лозим аст.

Бо вуҷуди фарсахҳо дурӣ, иқлими Олмон монандие ба Тоҷикистон дорад ва ин ҷиҳат каме Рустамхоҷаро таскин мебахшад. Аммо чӣ кунад, ки алҳол муқобили маҷрои сарнавишт шино карда наметавонад. Дар хусуси бозгашт ба Ватан фаромӯшнопазирии онро таъкид медорад, зеро бо вуҷуди дар Олмон аз чизе танқисӣ накашидан, хумори  Ватан, ёру диёр ба ӯ зӯрӣ мекунад, чунки дар Тоҷикистон азизтарин касон барояш зиндагӣ доранд. Умед дорад, ки қисмат ӯро бурдаву қисмат ӯро бозмегардонад.

Рустамхоҷа аз ду никоҳ (ҳамсари якумаш олмонӣ буд) ду писару як духтар дорад. Духтараш дар синфи 9 мехонад. Як писараш  ба синфи 2 гузашта, сеюмаш боғча меравад. Дар хусуси касбу кор, роҳи падарро дар зиндагӣ пеш гирифтани фарзандон, илова намуд, ки варзиш касби хеле ва хеле машаққатнок аст. Инро дар мисоли худ санҷидааст ва намехоҳад, ки фарзандонаш ба ин роҳи мушкил раванд. Вале агар рафту дар қисматашон бошад, бидуни дуову розигӣ додан ҳамчун падар илоҷеро намебинад.

А. САМАРИДДИН, «Садои мардум»