Дар маҳаллаи Бинокори шаҳри Исфара варзишгоҳи хурди футболбозӣ бо номи «Шафақ» мавриди истифода қарор гирифт. Муовини раиси шаҳри Исфара Таборакхон Файзуллоева дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи хурди футболро барои наврасону ҷавонон армуғони шоиста дар «Соли 2016- соли фарди солим» номид.
Қобили зикр аст,ки варзишгоҳи «Шафақ» дар муддати ду моҳ бо харҷи 70.000 сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Ниёзмуҳаммад Решаев бунёд шудааст. Соҳибкор изҳори умед кард, ки иншооти мазкур боиси муттаҳидии наврасону ҷавонон гардида, дар ташаккули варзишии эшон нақши муҳим мегузорад.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»