Соли гузашта варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 22 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 15 чемпионат ва 8 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 453 медал — 87 тилло, 167 нуқра ва 199 биринҷӣ шуданд.
Дар ин хусус Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, зимни қадрдонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ки дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ сурат гирифт, иттилоъ дод.
Номбурда, инчунин, тавзеҳ дод, ки соли 2024 бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномаи СММ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул гардид ва татбиқи ин иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои миллати тоҷик мояи ифтихор аст.
Мавриди зикр аст, ки соли равон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 95 ғолиби даври вилоятӣ як нафар соҳиби шоҳҷоиза, ду нафар мақоми дуюм ва 8 нафар ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардида, 11 кас соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бошад, панҷ нафар дар номинатсияҳои овозхонӣ — жанри академӣ, навозандагӣ — жанри эстрадӣ, дизайн – жанри муд, навозандагӣ — жанри анъанавӣ, навозандагӣ — жанри эстрадӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадр ва варзишгар Шакармамад Мирмамадов беҳтарин варзишгари соли 2024-и ВМКБ дониста шуд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»