Дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои кушодаи даставӣ миёни сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Варзиш — барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» дар соли 2015 доир гардид.
Дар маросим вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, зикр кард, ки ин мусобиқа тайи як моҳ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он наврасон, ҷавонон ва собиқадорон ширкат варзиданд.
Мақсади баргузории чунин мусобиқа барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, иборат буд.
Сипас, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам суханронӣ намуда, ба вазири корҳои дохилӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ташкили чунин чорабинии варзишӣ, ки дар он зиёда аз 200 даста фаро гирифта шуд, арзи сипос намуд. Вазорати корҳои дохилӣ тавонист, ки диққати тамоми ҷомеаро ба проблемаҳои солимии ҷомеа ва нашъамандии ҷавонон ҷалб намояд. Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Ҳалим, муовини якуми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев ва намояндаи САҲА дар Тоҷикистон Петер Хайнек суханронӣ карда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои баргузории чунин чорабинии муҳим ва манфиатбахш изҳори сипос намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба дастаи ғолиби мусобиқа (аз 40-сола боло) «Академияи Истиқлол» Шоҳҷоиза- автомашинаи сабукрав ва «Ҷоми вазири корҳои дохилӣ»-ро супорид.
Футболбозони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар байни синну соли ҷавонон Шоҳҷоиза – мотосикли тамғаи «Dirtbike»-ро соҳиб шуда буданд, ин мукофотро ба дастаи «Академияи Истиқлол» тақдим намуданд.
Барои шаффоф, шавқовар ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи футболи хурд сардори дастаи «Академияи Истиқлол» Ҳайдар Низомов ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ миннатдорӣ баён намуд.
Бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳорати баланди варзишӣ ва иштироки фаъолона дар ин мусобиқа ба дастаҳои ғолиб ва беҳтарин варзишгарони сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳо супорида шуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»