Соли бобарори варзишгарони ВМКБ

№121 (3422) 09.09.2015

Бино ба маълумоти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  3045 нафар варзишгар, аз ҷумла 607 варзишгардухтар, дар гурӯҳҳои варзишии вилоят тамрин мекунанд, ки фаъолияти гурӯҳҳоро 189 мураббӣ назорат мебаранд. Дар миёни намудҳои варзиш волейбол бартарият дорад. Дар ҷойи дуюм гӯштии дзю-до ва сеюм тенниси рӯи миз қарор дорад.

Давоми нимсолаи аввали соли равон варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии  шоҳмот, муштзанӣ, варзиши сабук, дастхобонӣ, гӯштии самбо, волейбол (мардона), гӯштии тарзи озод, гӯштии миллӣ, таэкван-до (ИТФ) ширкат карданд. Аз намуди бокс онҳо соҳиби як медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ  гардиданд. Аз намуди шоҳмот чор медали тилло, шаш нуқра ва  чор биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаи  варзиши сабук панҷ нафар иштирок карда, як медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд. Дар намуди дастхобонӣ як медали тилло, чор нуқра ва шаш биринҷӣ насиби тими вилоят гардид. Варзишгарон аз намуди гӯштии тарзи озод як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар маҷмӯъ, варзишгарони вилоят дар 14 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 67 медал, аз ҷумла 12 медали тилло, 24 медали нуқра ва 31 медали биринҷӣ шуданд. Ҳамчунин варзишгарони вилоят дар даҳ мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 15 медал — ҳафт медали тилло, се медали нуқра ва панҷ медали биринҷӣ гардиданд. Барои иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 75 ҳазору 760 сомонӣ харҷ шудааст.

Дар вилоят 55 толори варзишӣ, чор варзишгоҳ, қасрҳои  варзишии  «Вастан» дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва «Қасри варзишӣ»-и  замонавӣ дар шаҳри Хоруғ, 306  майдончаҳои варзишӣ, дар маҷмӯъ  415 иншооти варзишӣ амал мекунад.

Воқеаи фараҳбахши дигар барои варзишгарони вилоят ба истифода додани Қасри варзишӣ дар шаҳри Хоруғ бо ширкати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар  мусобиқае, ки бахшида ба кушодашавии қасри варзишӣ аз намуди гӯштии миллӣ баргузор шуд,  варзишгари ҷавон ва умедбахш Шакармамад Мирмамадов ғолиб баромада, бо автомашинаи сабукрав қадр гардид.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»