«Соро компания» пешсаф шуд

№ 03.02.2025

Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе дар даври сенздаҳуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, дар ҷадвали мусобиқа мавқеи аввалро соҳиб шуд.

Дар бозии дигари даври сенздаҳум дастаи футзали «Амонатбонк»-и шаҳри Душанбе дар меҳмонӣ аз дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:7 шикаст хӯрд. Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Пойтахт»-и Душанберо бо ҳисоби калони 12:1 мағлуб кард. Дастаи футзали «Сомон»-и шаҳри Душанбе бар дастаи -«Регар»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 9:1 пирӯз шуд.

Пас аз ҷамъбасти сездаҳ даври мусобиқа дастаи футзали «Соро компания» зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо 33 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал аст. Дастаи футзали «Амонатбонк», ки як бозӣ камтар кардааст, бо 27 имтиёз ҷойи дуюмро касб намуд. Дастаҳои «Истаравшан» ва «Истиқлол» бо 23-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чемпионати футзали Тоҷикистон, ки бо иштироки нуҳ даста аз 19 октябри соли 2024 оғоз ёфта буд, то 9 марти соли 2025 идома дорад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»