Сайёҳ ва варзишгари рус Никита Василев, ки бо велосипед сафари тӯлониро ихтиёр намудааст, чанде пеш ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа омад. Хабарнигори «Садои мардум» бо ӯ суҳбат анҷом дод.
- Шуморо ба диёри зебоманзари Хатлон хайра мақдам мегӯем. Мехоҳем аз мақсади сафар ва таассуроти хеш сухан гӯед…
- Мақсади ҳар як сайёҳ, аз ҷумла банда, дидани диёри шумо ва суҳбату мулоқот бо мардуми фарҳангии тоҷик аст. Қабл аз он ки азми сафар намоям, тавассути китобҳо, интернет, маҷаллаю рӯзномаҳо дар бораи Тоҷикистон маълумоти зарурӣ ҷамъ овардам. Ҳатто чанд калимаро, аз қабили дуруду пайғом, хуш омадед, хуш бошед, то боздид ва ғайра аз бар намудам. Ин имкон дод чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон будам, бо мардуми маҳаллӣ муошират намоям.
- Сафари шумо чанд вақт боз идома дорад ва то имрӯз чӣ қадар масофаро тай намудед?
- Чор моҳ боз се ҳазору 700 километрро бо дучархаам тай намудам. Мушкил аст бо дучарха тай намудани масофаи тӯлонӣ, бахусус агар он кӯҳистон бошад. Вале шавқу завқ, ҳаваси ҷаҳонгардӣ имкон медиҳад, ки мушкилиҳоро мардонавор паси сар намояму ба кӯи мурод расам. Бартарии ҷаҳонгардӣ бо велосипед он аст, ки ҳар лаҳза хоҳӣ, таваққуф менамоӣ, бо мардум аз наздик муошират мекунӣ. Манзараҳои зебою ҷолиби диданиро аксбардорӣ менамоӣ.
- Сафаратон аз куҷо оғоз ёфт? То ин дам шумо дар кадом кишварҳо будед?
- Сафари маро ширкати сайёҳии «Чувашия» сарпарастӣ мекунад. Ман аз Федератсияи Россия ба Қазоқистону Ӯзбекистон сафар кардам. Ба Тоҷикистон аз тариқи Қирғизистон ва баъдан ба вилояти Суғд ворид гардидам. Сипас, Душанбеи зебою сабзу хуррамро дидам.
Маро одате аст, ки ба ҳар кишваре ворид шавам, намунаи рӯзномаю маҷаллаҳои онро барои маълумоту хотира бо худ мегирам. Аз ҷумла, як шумораи рӯзномаи шумо — «Садои мардум» — ро низ бо худ гирифтаам. Бо кумаки дӯстони нави тоҷикам, ки зимни ин сафар пайдо намудам, то дараҷае бо муҳтавои он ошноӣ пайдо намудам ва писандам омад.
- Таассуротатон аз шаҳри Қӯрғонтеппа чӣ гуна аст?
- Осорхонаи вилоятиро, ки дар болои теппаи таърихии «Қӯрғон» ҷойгир будааст, тамошо кардам. Ҳамчунин, муҷассамаи зебои асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро низ, ки дар хиёбони марказии шаҳр ҷойгир аст. Барои хотира дар пояи ин муҷассама акс гирифтам. Аз дидани дигар гӯшаҳои фарҳангӣ ва бозори марказии шаҳр низ таассуроти неку фаромӯшнашаванда бардоштам. Маҳсули дастранҷи кишоварзони тоҷик — себу ангуру анору нок ва дигар меваҳои ширину шаҳдбор, ки нархашон арзон аст, дар бозор дида, таъмашонро чашидам. Бисёр мехостам, ки ин гуна меваҳои лазиз дар кишвари мо — Федератсияи Россия зиёд бошанд.
- Идомаи сафаратон чӣ гуна сурат мегирад?
- Мехоҳам баъди Тоҷикистон боз ба Қирғизистон ва баъд ба Федератсияи Россия баргардам. Аз он шодам, ки зимни сафар ҷойҳои зиёди зебою диданиро тамошо карда, дӯстони нав пайдо намудам. Чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон будам, барои хӯрок ва ҷойи хоб маблағ сарф накардам. Меҳмоннавозию дасткушодии мардуми шуморо шунида будам ва акнун бо чашми худ дидам.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»