Ташаббуси Рустами Эмомалиро СММ ҷонибдорӣ кард

№58 (4798) 08.05.2024

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.

Ёдовар мешавем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳоди худро ба Созмони Милали Муттаҳид 9 феврали соли 2024 ироа намуданд, ки дар он, аз ҷумла, таъкид мегардад: «Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин, василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне, футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеа­ҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне, аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин, пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон гардад».

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар роҳи рушду равнақи футболи тоҷик, воқеан ҳам, хизматҳои назаррасу шоиста намуданд. Ин аст, ки имрӯз футболи тоҷик дар ақсои олам маълуму машҳур гаштааст. Аз дигар лиҳоз, футбол яке аз навъҳои оммавитарини варзиш маҳсуб ёфта, роҳи беҳтарини сиҳатии инсон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон, рукни муҳиму асосии муттаҳид намудани халқу миллатҳои мухталифи дунё мебошад.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро қабул намуд, ки ин пешниҳод бо мусоидати Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия амалӣ гардид. Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар рӯҳияи ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, ҳамфикрӣ, бидуни ба ҳеҷ гуна гурӯҳ имтиёзи изофӣ надодан (табъиз) ва сулҳу таҳаммулпазирӣ гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Ба ҳамин минвол, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи 25 май — эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»