Дар мавзуи муҳим

Ташаккули муносибати созгори ҷавонон

№53 (3038) 03.05.2013

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов бо ҷавонони шаҳру деҳот доир гардид. Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, кормандони масъули он, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати маориф, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, шӯрои ҷавонон, оилаҳои ҷавон, ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд. Дар ҷамъомад як масъала: дар бораи ташаккули муносибати созгори ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, огоҳ будани ҷавонон аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ва пешгирии он дар байни ҷавонону наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қабл аз оғози мулоқот ба ҷавонон  филми махсус  оид ба даъвати ҳарбӣ ва падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон намоиш дода шуд, ки аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят наворбардорӣ шудааст.

Мулоқотро раиси шаҳри Истаравшан, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Абдуллоев ҳусни оғоз бахшид. Баъд муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов перомуни вазъи солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ,  муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон, таърихи Истаравшани бостонӣ, ҷаҳонишавии имрӯза, сулҳу суботи кишвар, пешравиҳо дар самтҳои гуногун, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмии динӣ, барпо намудани оила,  аъзогии ҷавонон ба ҳизбҳои ҷумҳурӣ сухан ронда, фаъолияти онҳоро дар солҳои пешин таҳлил намуд.

- Бояд ҷавонони истаравшанӣ аз кору пайкор ва рӯзгори гузаштагони бузурги худ, аз қабили шоира Дилшоди Барно, фақеҳи машҳури дини Ислом Шиблии Истаравшанӣ, шоирону олимон Накҳат, Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Пӯлод Бобоҷонов, Улмас Мирсаидов ва дигарон ифтихор кунанд, ки онҳо зодагони ин диёр мебошанд,- изҳор дошт Ҷ. Сангинов. Ҳамзамон таъкид рафт, ки давлатҳои рӯ ба тараққӣ бо василаи муттаҳидшавӣ дар атрофи доҳӣ (лидер)-и худ ба чунин муваффақиятҳо расидаанд. Ба бахти халқи тоҷик фарзанди фарзонаи миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандӣ, фаросат, донишу маҳорат ва истеъдоди фитрии худ  тавонист давлати ба нестшавӣ дучоргардидаи Тоҷикистонро муттафиқ сохта, сулҳу суботро дар кишвар таъмин намояд. Инчунин дар муддати кӯтоҳ давлати моро ба чунин пешравиҳо, ободкориҳо ва шинохти он аз тарафи 200 давлати ҷаҳон маҳз кору пайкор ва пойфишориҳои ин абармард муяссар гардонид.

Дар мулоқот ҳамзамон доир ба рушду нумуи вилояти Суғд, дастоварду музаффариятҳои он  дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ сухан рафт. Зикр гардид, ки агар буҷети давлатии вилоят соли 2006-ум 144 миллион сомониро ташкил карда бошад,  он дар соли 2012 ба 766 миллион сомонӣ расид. Дар ду соли охир дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 27900 ҷойи нишаст, 428 кат дар беморхонаҳо ва 316 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки ин ҳама барои таълиму тарбия ва обутоб ёфтани ҷавонон равона гардид. Давоми муддати кӯтоҳ  дар вилоят ду варзишгоҳи калон, яке дар шаҳри Хуҷанд барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва дигарӣ дар шаҳри Истаравшан барои 20 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт, ки калонтарин варзишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Масоили ношоистаи худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ дар байни ҷавонон, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» низ аз масъалаҳои муҳими ин мулоқот буд.

Сипас, иддае аз ҷавонони Истаравшан ба музокира баромада, андешаҳои сухангӯро таъйид намуданд ва омодагии худро ба дифоъ аз Ватан ва кори шуҷоатмандона дар рушду нумуи он баён доштанд.

Сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳр З. Аъзамов доир ба вазъи озодии виҷдон ва озодӣ ба ибодат сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри ҳимояи Ватан ва ободиву осоиштагии он  аз ҳаррӯза бештар хизмат намоянд.

Дар хотима барои дастовардҳои шоёни варзишӣ варзишгарони номии шаҳр Мурод Тӯйчиев, Қаҳрамон Тӯйчиев, Шӯҳрат Нортоҷов, Акмал Қодиров ва дастаи волейболбозони омӯзишгоҳи тиббии шаҳр бо сипосномаи раиси шаҳр ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»