«Тоҷикистон – слалом опен»

№50 (4633) 07.04.2023

Мусобика 3Мусобиқаи байналмилалие, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ баргузор шуда, ба муаррифии беш аз пеши кишвари азизамон дар ақсои олам мусоидат намуд.

Бисту ҳафтуми феврали соли равон Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом таҳти унвони «Тоҷикистон — слалом опен» бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз- 2023» қабул шуда буд.

Ин иқдоми муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ барои муаррифии бештари кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, қарори зикршуда мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» қабул гардид.

Муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ­масъулинро вазифадор карданд, ки вобаста ба мусобиқаи мавриди назар нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи тадорукоти мусобиқаи мазкурро тасдиқ намоянд.

Тибқи қарори зикршуда, бояд муовини якум, муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, роҳбарони сох­торҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои дахлдорро андешанд.

Бо назардошти моҳияти байналмилалии мусобиқа, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои ташкили барномаи фарҳангӣ вазифадор гардиданд.

Барои огоҳии комили шаҳрвандон аз рафти чорабинӣ шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» вазифадор гардиданд, ки мусобиқаи мазкурро ин­ъи­кос намоянд.

Зимни суҳбат котиби генералии Федератсияи қаиқронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров гуфт, ки мусобиқаи мазкур аз 20-уми март то 24-уми марти соли 2023 баргузор шуд. Маросими ифтитоҳи мусобиқа 21-уми марти соли равон дар «Кӯли ҷавонон»- и шаҳри Душанбе доир шуда, 22 — 23-юми март дар ноҳияи Варзоб идома ёфт.

Бино ба гуфти номбурда, 120 варзишгар аз Федератсияи Россия (дар ҳайати панҷ даста), Ҳиндустон, Тайланд, Беларус, Ӯзбекистон ва Қазоқис­тон дар ин мусобиқа ширкат варзиданд, ки онҳоро масъулин тибқи оини меҳмонпазирии тоҷикон пешвоз гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки аз кишвари мо дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 4 варзишгар ширкат варзида, Алексей Попов дар намуди 3 х С1 сазовори ҷойи якум, Валетина Самирнова (3 х С1ж) соҳиби мақоми дуюм гардиданд. Дар маҷмӯъ, бо назардошти ҷамъбасти холҳо дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сабқати байни мардон мақоми дуюм ва мусобиқа миёни занон ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Д. МЕРГАН,

«Садои мардум»