Ҳамасола дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавию дохилӣ чорабиниҳои зиёди варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар он намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ширкат меварзанд. Ҳангоми доир гардидани чунин мусобиқаҳо варзишгарон метавонанд кишварашонро дар арсаи олам муаррифӣ намоянд ва Парчами давлатиро баланд бардоранд. Оид ба оммавигардонии варзиш ва фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш суҳбате доштем бо сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Расо Раҷабов.
- Дар қаламрави вилоят барои солимгардонии наврасону ҷавонон чӣ гуна шароит муҳайё гардидааст?
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат, баҳри инкишофи варзиш, оммавӣ гардонидани он диққати махсус медиҳанд. Варзиш барои насли ҷавон мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ, тарғиби арзишҳои олии инсонӣ — дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун буда, ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳоро тақвият мебахшад. Ҷавонон ҳар қадар бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломатиашон беҳтар гардида, баҳри пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, амнияти давлату суботи ҷомеа имкониятҳои мусоид фароҳам меоянд.
Айни ҳол дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 413 иншооти варзишӣ- солимгардонӣ, аз ҷумла 46 толори варзишӣ, чор варзишгоҳ, қасри варзишии «Вастан» дар ноҳияи Дарвоз ва 305 иншооти хурди варзишии дигар вуҷуд дорад. Корҳои сохтмонӣ дар толорҳои варзишии маҳаллаи Н. Хусрави шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон хуб ҷараён гирифтааст. Дар вилоят даҳ мактаби варзишӣ бо фарогирии 3097 нафар варзишгар фаъолият дорад.
- Муваффақиятҳои варзишгарон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ чӣ гуна аст?
- Варзишгарони вилоят дар 57 мусобиқа ширкат варзида, сазовори 57 медал, аз ҷумла 20 медали тилло, 19 нуқра ва 18 биринҷӣ гардиданд. Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи кушоди вилоятӣ дар намуди волейбол барои ба даст овардани ҷоизаи Бекназар Мавлоназаров байни ҷавондухтарон баргузор шуд. Шаҳриёр Алидодов дар мусобиқаи шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ байни кӯдакону наврасон дар намуди кёкушин каратэ дар вазни 35 кг сазовори медали нуқра гардид. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии самбо, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, паҳлавонони тими мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар ҳарифон ғолиб омада, аз рӯйи натиҷаи гурӯҳӣ мақоми аввалро касб намуда, ба гирифтани медалҳои тилло сарфароз гардиданд. Ҷавондухтарони вилоят дар мусобиқаи ҷумҳуриявии намуди волейбол, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм шуданд. Ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ дар вилоят мусобиқаи волейболбозон доир шуд, ки бо пирӯзии тими ноҳияи Роштқалъа анҷом ёфт. Аз 26 то 28 июни соли 2014 дар шаҳри Синдайи Япония мусобиқаи Осиё оид ба армрестлинг доир шуд, ки варзишгарон аз 20 давлат ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқа Ҳусайнҷон Қурбонов дар вазни 75 кг сазовори медали нуқра ва биринҷӣ гардид.
- Дар вилоят кадом мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид?
- Ба хотири гиромидошти Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Нур Одинаев моҳи август дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол байни ҷавондухтарон баргузор шуд, ки он як воситаи муҳими таҳкими дӯстию ҳамдигарфаҳмии варзишгарони ҳамаи минтақаҳои кишвари азизамон гардид. Тавассути варзиш ҷавонону наврасон ба фарҳангу тамаддун, расму одати мардуми манотиқи гуногун шинос шуда, дарси ватандӯстиву худшиносӣ омӯхтанд.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»