Варзишгарони беҳтарини соли 2014 муайян шуданд

№1 (3302) 01.01.2015

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзишии Тоҷикистон (АЖРВТ) дар як ҳамоиши хабарнигорони соҳа, ки 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, даҳ варзишгари беҳтарини кишварро дар соли 2014 эълон намуд.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари соли 2014 эълон гардид. Вай имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва бори сеюм ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «LAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд.

Ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол ҳамчунин: Залимхон Юсупов, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов, Моҳрӯ Ҳалимова, Комроншоҳи Устопириён, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Акмал Қодиров дохил мебошанд.

Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигор, ки дар нашрияҳо, телевизиону радио ва агентиҳои иттилоотӣ кор мекунанд, ширкат доштанд.

Мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон дар соли 2014 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал ба даст наовардааст. Инчунин имсол ягон варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё дар риштаҳои олимпӣ ба унвони чемпионӣ ноил нашудааст, — иброз дошт Н.Латифов.

Таҳияи Х. Шарипов, «Садои мардум»