Сохтмони Варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён бо гузашти даҳ сол ҳанӯз ба охир нарасидааст. Дар иншооти мазкур аллакай зиёда аз як миллион сомонӣ масраф шудааст. Аммо бо сабаби тӯл кашидани корҳои сохтмонӣ, қисмати бунёдшудаи варзишгоҳ дубора таъмирталаб шудааст.
Ба иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Шукрона Маҳмадализода, сохтмони варзишгоҳ ба зиммаи Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон вогузор аст.
- Бо вуҷуди он ки варзишгоҳ ба талабот ҷавобгӯ нест, аз ноилоҷӣ дар он мусобиқаҳои варзиширо баргузор менамоем. Чандин маротиба перомуни ин масъала ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардем. Ваъда буд, ки бояд дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони он ба анҷом расад. Аммо аз сабаби пайдоиши бемории коронавирус корҳои сохтмонӣ қатъ гардиданд. Соли ҷорӣ низ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардем. Тибқи ваъда, бояд имсол варзишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, — гуфт Ш. Маҳмадализода.
Сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмаҳмад Одинаев зимни суҳбат бо мо гуфт, ки тибқи номгӯи иншооти сохташавандаи вилояти Хатлон, ки аз ҳисоби буҷети вилоят маблағгузорӣ мешаванд, аз соли 2012 то 2014 дар маҷмӯъ, барои корҳои сохтмонии Варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён 716 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, аз соли 2015 то соли 2020 дигар маблағгузорӣ нашуд. Соли 2020 тибқи нақша мебоист 1 миллион сомонӣ ҷудо мегардид. Аз сабаби бемории COVID-19 бо қарори раиси вилояти Хатлон 500 ҳазор сомонии он кам карда шуд. Бо вуҷуди ин соли 2020 барои идомаи корҳои сохтмонии варзишгоҳ 600 ҳазор сомонӣ ва барои сохтмони варзишгоҳ 1 миллиону 316 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
- Арзиши лоиҳавии сохтмони варзишгоҳ 5 миллиону 551,2 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Барои он ки сохтмон пурра ба анҷом расад, боз 4 миллиону 224,5 ҳазор сомонии дигар лозим аст. Аммо соли ҷорӣ барои идомаи корҳои сохтмонӣ маблағ ба нақша гирифта нашудааст, — мегӯяд Холмаҳмад Одинаев.
Ба ин савол, ки чаро маблағи ба нақшагирифташуда барои ба анҷом расидани корҳои сохтмонии варзишгоҳ пурра ҷудо намешавад Холмаҳмад Одинаев чунин посух дод:
- Бояд Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳар сол нақшаи маблағгузории сохтмонҳоро пешниҳод намояд. Аз сабаби он ки пешниҳод намешавад, маблағгузорӣ низ намешавад. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон танҳо дар асоси нақшаи иҷрои кор маблағгузорӣ мекунад.
Талошҳои мо барои суҳбат бо сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид бенатиҷа анҷом ёфт. Номбурда ба зангҳои пай дар пайи телефонӣ ҷавоб надод. Мутаассифона, ӯро дар ҷои кораш ҳам пайдо карда натавонистем.
Зимни нишасти матбуотии раёсати зикршуда аз Саъдуллозода Абдулвоҳид идомаи корҳои сохтмонии варзишгоҳро пурсон шудем.
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
- Тақдири минбаъдаи сохтмони варзишгоҳ айни ҳол номаълум аст. Аз ҳисоби буҷети вилоят барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар соли 2022 маблағ пешбинӣ нашудааст.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ зимни суҳбат гуфт, ки аз вазъият огоҳ мебошад.
- Тасмим гирифтаем, ки ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб равон намоем. Шояд масъулини он барои дарёфти маблағ кумак намоянд, — гуфт Қ. Қурбонзода.
Агар варзишгоҳи марказии ноҳия ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад, дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Кӯшониён беҳтар хоҳад шуд. Масъулинро зарур аст, ки корҳои сохтмониро дар варзишгоҳ вусъат бахшанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»