Имсол дар ҷумҳуриамон 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ба ифтихори ин ҷашнвора ҳама ҷамоаҳои меҳнатӣ дастовезу комёбиҳояшро чун армуғон пешниҳод менамоянд.
Бо ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, номзади илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров аз ҳамин хусус ҳамсуҳбат шудем.
-Шодӣ Асомуродович, чиҳилу се соли фаъолияти донишкада назди таърих муддати тӯлонӣ нест, вале ин остон тавонист, ки асолати миллии худро дар омода кардани мутахассисин иҷро намояд…
-Оре, донишкада асолати касбии худро имрӯз низ бо ҳисси баланди масъулият уҳда менамояд. Тӯли зиёда аз чиҳил соли фаъолияти донишкада беш аз 22 ҳазор нафар ин боргоҳи варзишро хатм карда, минбаъд дар тарбияи насли наврас ва такомули соҳаҳои тарбияи ҷисмонии кишвари азизамон нақши арзанда гузоштанд.
-Дар боби ғамхориҳои маъмурияти донишкада нисбати варзишгарони бомаҳорат, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ чӣ гуна иқдомҳо ба амал бароварда мешаванд?
- Ҳоло 42 нафар донишҷӯёни донишкада узви комилҳуқуқу пайвастаи дастаҳои яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 15 ихтисос ва соҳа маҳсуб меёбанд. Ҷойи ифтихор аст, ки бо фармони махсуси садорати донишкада аъзои дастаҳои яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои унвонҳои варзишии Иттиҳоди Шӯравӣ, дараҷаҳои байналмилалӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо қарори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун имтиёз тариқи суҳбати озод ба донишкада қабул мешаванд. Духтарон низ аз ин имтиёз пурра истифода мекунанд.
Эҳтироми самимии роҳбарият ва устодони донишкада нисбати варзишгарони бомаҳорат, ғолибони мусобиқаҳо, ҷоизадорон боз дар он зоҳир мегардад, ки давоми сол 22 нафар чунин варзишгарон аз тариқи шартномаи пулакӣ ба тарзи буҷетӣ гузаронида шуданд. Ба ин ҳайат беҳтарин паҳлавонон Шералӣ Бозоров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Шералӣ Достиев, Мавзуна Чориева, Абдурауф Мӯсоев, Юсуф Сафовуддинов, Низомиддин Сангов, Умеда Ҷӯраева, Наргис Неъматуллоева, Нодира Мирзоева, Хисрави Иқболшоҳ, Азизбек Гулов, Зарриншои Азиз, Мурод Тӯйчиев, Зоиршоҳ Пиров, Абубакр Зоҳиров, Фарҳод Куралов ва ғолиби седафъаинаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Акмалиддин Каримов ва дигарон дохил мешаванд.
- Ҷойи ифтихор аст, ки аз 15 нафар иштирокчиёни Бозиҳои олимпии солҳои 2008-2012, ки дар Пекин ва Лондон баргузор шуда буд, 11 нафарашон собиқ дастпарварони донишкадаи мо ҳастанд. Бинобар ҳамин, маъмурият муваззаф аст, ки натиҷаҳои баланди варзиширо сазовор қадршиносӣ намояд.
Имрӯз донишкада бо ғолибони мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, қитъаи Осиё, чандин мусобиқаҳои байналхалқӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Ганҷина Ҳабибуллоева, ғолиби Бозиҳои Осиё, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Шерзод Нормуродов, ғолиби чемпионати ҷаҳон, мусобиқаҳои байналхалқӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Бахтиёр Абдуллоев, барандаи медали нуқраи чемпионатҳои ҷаҳон, ғолиби мусобиқаи Осиё ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Беҳрӯз Набиев, чемпиони ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои Осиё, байналхалқӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Лола Лисица (ҳама аз намуди якҳарбаи шарқӣ, навъ ва намуди ИТФ), ғолиби ҳафтдафъаинаи мусобиқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ВТФ, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 1, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, оид ба каратэ-до Умеда Холова, донишҷӯйи бахши чоруми факултети «Варзиш», барандаи медали биринҷии Бозиҳои ХХХ олимпиадаи тобистонаи Лондон- 2012, ғолиби бисёркаратаи Бозиҳои Осиё, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, боксёрчидухтар Мавзуна Чориева ва дигарон ифтихор менамояд.
Сӣ сол муқаддам бозиҳои миллии ниёгон, аз қабили шатранҷ, чавгони болои алаф, тӯби дастӣ, гурзандозӣ, гӯштии миллии тоҷикӣ ва дастхобонӣ он қадар рушду нумӯъ дошт, ки дар рақобат бозингарони намудҳои маъмули футболу волейбол, гӯштиҳои бонувони дзю -до, гимнастика, самбои мардона ва варзиши сабук рашку ҳасад мебурданд. Ҳарчанд ки он солҳо устодони басо ҳамадону мутахассисони воқеан ҳам дӯстдори касб -Михаил Арнолдович Тер-Казарян (футбол), Абдулло Муродов (баскетбол), Рима Борисовна Гайсина (волейбол), Тулиген Худойбердиев (гурзандоз), Тошмурод Мустафоқулов, Виктор Данилович Петров, Г.С. Лухтан (гимнастҳо), Андрей Василевич Шепел (велосипедронӣ), Ҳаким Ҳалимов, Аркадий Иванович Арапенко ва Виталий Накашов басо шуҳратёр буданд.
Ин масъала ҳоло мадди мо қарор дошта, ҷидду ҷаҳдро ба он равона кардем, ки соҳаҳои мазкур, чун солиёни пешин, дар нумӯъ бошанд. Хушбахтона, тавонистем намуди волейболро, на танҳо байни чил макотиби олии касбӣ, балки саросари мамлакат ҳамчун ғолиб пешсаф гардонем.
Дар ин радиф паҳлавонон- самбочиён, дзюдочиён, гӯштигирони тарзи озоду румӣ-юнонӣ Фирӯз Яқубов, Баҳодур Қодиров, Фарҳод Усмонзода, Салими Хоҷазод, Нозим Охиров, Сардор Боқиев, Расул Абдушарифов таҳти сарварии устодон Ҳусейн Давлатов, Раҳматулло Нуров, Қурбонхон Шоев, Ҷамшед Ибронов, Хуршед Ибайдуллоев ва Ҳикматулло Зайдуллоев шоёни тавсифанд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки устодону шогирдони донишкадаи мо парчамбардорони ҳақиқии кишвари азизамон мебошанд. Қариб ҳар моҳ дар ин ё он гӯшаи дунё туфайли соҳиб шудан ба унвони қаҳрамонии мусобиқоти варзишӣ Суруди миллии Тоҷикистон танин андохта, Парчами миллии Тоҷикистон баланд мегардад.
- Ҳамкориҳои донишкада бо кишварҳои хориҷ аз мамлакат дар кадом сатҳ аст?
-Соли 2007 донишкада ба узвияти Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии ҷаҳон шомил ва соҳиби шаҳодатномаи он гардида, дар як радиф бо 55 мактаби олии варзишии дунё, донишкадаро чун макон ва пойгоҳи тайёр кардани варзишгарони бомаҳорати касбӣ ба расмият шинохтанд. Мо аз ин ифтихор менамоем. Ба сифати ректори донишкада ман дар се Конгресси байналхалқии мактабҳои олии ҷаҳон иштирок карда, бо маърӯза ва гузоришҳои илмӣ назди ҳамтоёни хориҷӣ аз боби «Варзиши умумидонишгоҳӣ: инкишоф ва рушди миллат» баромад кардам.
Ду сол пайи ҳам, яъне солҳои таҳсили 2011-2012, 2012-2013 чунин ду Конгресси байналмилалиро бо иштироки бевоситаи намояндагони беш аз 40 донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷаҳон маҳз дар шаҳри Душанбе доир намудем. Дар он олимони ҷавону аҳли варзиши 40 макотиби олӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо баромадҳо карданд.
Давоми чор рӯз олимон аз Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ дидан намуда, ба дараҳои зебоманзари Варзоб, мавзеи тамошобоби Искандаркӯл ва Ҳафткӯли овозадори Панҷакенти қадима сафар карда, бо як ҷаҳон таассурот баргаштанд. Дар ҷараёни чунин чорабиниҳо мо аз ҳолу аҳволи ҳамдигар огоҳ гардида, бо ҳамин васила раванди таълим ва маҳорати касбии устодону шогирдонро боз ҳам ғанӣ мегардонем.
-Хоҳишмандем дар бораи конгресси қарибулвуқӯъ чанд сухан гӯед.
- Боиси хушнудии мо — аҳли варзиши Тоҷикистон аст, ки рӯзҳои 25-28 майи соли 2014 Конгресси IV Ассотсиатсияи байналхалқии мактабҳои олии ҷаҳон маротибаи сеюм дар заминаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов баргузор мегардад.
Ба хотири он ки ин тадбири воқеан ҳам сиёсию таърихӣ, фарҳангию варзишӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардад, дар донишкада ва ҳамзамон дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери васояти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода кумитаи тадорукот таъсис ёфтааст. Давоми чор рӯз беш аз 50 нафар олимону муҳаққиқони собиқадор, коршиносони маъруф ва ҷавонони болаёқату умедбахши соҳа ба кишвари мо ташриф оварда, бо сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи давлату Ҳукумат, дастовардҳои ҷолиби мактабу маориф ва махсусан раванди таълими он, аз наздик ошно мегарданд.
Мо ният дорем, ки ректорони макотиби олӣ, олимон, таҳлилгарон, муҳаққиқони ҷавони мамлакатро ба сифати меҳмонони фахрӣ ба ин конгресс даъват намоем. Олимону муҳаққиқони ҷавон масоили инкишофи соҳаро матраҳ карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти онро тариқи назархоҳӣ бо ҳам муайян месозанд.
Конгресс ва иштирокдорони он ба гӯруҳҳои илмӣ раддабандӣ шуда, ба сохтор ва зергурӯҳҳои алоҳида машварати илмӣ меороянд. Бо ҳамкасбони тоҷики худ оид ба масоили мубрами варзиши миллӣ, хусусиятҳои гуногунпаҳлуи он табодули назар намуда, баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидани варзиши миллӣ дастуру тавсияҳои муфид хоҳанд дод.
Мусоҳибон: М. ШАМСИДДИНОВ, Н.ҚАРАЕВ, шореҳони варзиш