Ҳикоя

Дар саҳро

№11 (4431) 18.01.2022

tmb_208839_9875Дар паҳлуи теппа дар наздикии шаҳраки хурди курортӣ ду кулба паҳлу ба паҳлу қомат афрохтаанд. Ду деҳқон барои ба воя расонидани фарзандонашон дар замини ҳосилхез заҳмат мекашанд. Ҳар оила соҳиби чор фарзанд аст. Аз субҳ то шом кӯдакон дар назди кулбаҳояшон бозӣ мекунанд. Ду нафари калонӣ шашсола ва ду нафари хурдӣ бештар аз яксола ҳастанд: издивоҷ ва сипас таваллуд низ, дар ҳар ду оила тақрибан дар як вақт сурат гирифтааст.

Модарон фарзандони худро базӯр фарқ мекунанд, падарон бошанд, онҳоро комилан омехта мекарданд. Ҳашт ном доимо дар сарашон чарх мезанаду онҳоро парешон месозад ва дар ҳолати яке аз кӯдаконро ҷеғ задан, мардон пеш аз номи дурустро ёфтан, аксар вақт се номро мегуфтанд.

Кулбаи аввал, ба осоишгоҳи Рол-пор наздик буда ба оилаи Тувашҳо тааллуқ дошт, ки соҳиби се духтар ва писар буданд, дар кулбаи дигар, Валенҳо, ки духтар ва се писар доштанд, умр ба сар мебурданд.

Хӯроки ҳар ду оила аз шӯрбо, картошка ва ҳавои тоза иборат буд. Дар соати ҳафти саҳар, нисфирӯзӣ ва соати шаши бегоҳ, соҳибхоназанҳо фарзандонашро даъват карда, барояшон шӯрбо медоданд.

Кӯдакон дар қатори калонсолон, дар паси мизи чӯбӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол хидмат намуда буд, менишастанд. Як коса ноне, ки дар об тар карда шудааст, картошка, ним карам ва се пиёзи ҷӯшонидашуда ғизои кӯдакон буд. Модар фарзанди хурдиро худаш сер мекард. Рӯзҳои якшанбе, ҳамчун идона, ҳама як пора гӯшти говро бо шӯрбо тановул менамуданд. Падар дар он рӯзҳо муддати дароз аз болои миз нахеста, такрор мекард:

- Ман зид нестам, агар ҳар рӯз чунин хӯрок хӯрам.

 Рӯзе дар моҳи август фойтуни сабуке назди кулбаҳо истод ва ҷавонзане, аз он поин шуд ва ба марди ҳампаҳлуяш гуфт:

- Оҳ, Анри, ба ин кӯдакон нигар! Онҳо дар хоку чанг олудаанд, аммо хеле зебоянд.

 Мард чизе нагуфт, вай ба ин рафтори зан одат карда буд, ҳарчанд чунин сухан ба ӯ осеб мерасонид ва тақрибан мисли таъна садо медод.

 Ҷавонзан идома дод:

- Ман бояд онҳоро бибӯсам. Оҳ, чӣ қадар мехоҳам ин хурдӣ аз ман бошад.

 Вай сӯи кӯдакон омад ва писарбачаи хурдии Тувашро ба оғӯш кашида, бозавқ аз рухсораҳои чиркину хоколудаш бӯсид.

Баъдан, зан ба фойтун нишаст ва аспҳо лӯкка зада давиданд. Ҳафтаи дигар зан дубора баргашта, дар байни кӯдакон ба замин нишаст ва кӯдаки Тувашро ба рӯи зонуяш шинонда, ба ӯ ва дигар кӯдакон шириниву хӯрданиҳо тақдим намуд. Ҷавонзан бо онҳо мисли кӯдак бозӣ мекард ва шавҳараш дар фойтун нишаста, ӯро босаброна интизорӣ мекашид.

Пас аз чанд вақт ӯ боз омада, бо волидони писарак шинос шуд ва ҳамин тавр ҳар рӯз меомад ва ҷайбҳояш ҳамеша пур аз молҳои хуб ва пули хурд буданд.

Номи ӯ хонум Анри д’Юбиер буд.

 Рӯзе ҷавонзан, ҳамроҳи шавҳараш омад, вале дар назди кӯдакон таваққуф накарда, ба кулбаи Тувашҳо даромаданд.

Соҳибони хона ба ҳезумшиканӣ машғул буданд. Онҳо аз омадани меҳмонон ҳайрон шуда, барои нишастан курсӣ оварданд ва интизори он буданд, ки сабаби омадани меҳмононро фаҳманд. Он гоҳ ҷавонзан бо овози ларзон гуфт:

- Инсонҳои меҳрубон, ман ба шумо муроҷиат мекунам. Ман писари шуморо бо худ бурдан мехоҳам…

 Деҳқонон ҳайрон шуданд ва чӣ посух доданро надониста, хомӯш монданд.

Зан нафас кашид ва идома дод:

 - Мо фарзанд надорем. Мехостем ӯро бо худ барем. Оё шумо ба ин розӣ мешавед?

 Зани деҳқон ниҳоят ба мақсади меҳмонон сарфаҳм рафт. Вай пурсид:

- Шумо мехоҳед, ки Шарлоро аз мо бигиред

 Ҷаноби д’Юбиер илова намуд:

- Зани ман фикрашро норавшан баён кард. Мо мехоҳем ӯро ба фарзандӣ бигирем, аммо ӯ ба дидори шумо хоҳад омад. Агар вай умеди моро, ки барои бовар кардан асос дорад, бароварда созад, пас ӯ вориси мо хоҳад шуд.

Агар дар оянда мо фарзанддор шавем, вай бо ӯ саҳми баробар мегирад. Аммо агар ӯ баъди ба синни балоғат расиданаш, интизориҳои моро бароварда насозад, мо ба ӯ сармояи бист ҳазор франкӣ дар нотариус мегузорем. Мо дар бораи шумо низ фикр кардем, тамоми умр ҳар моҳ сад франк хоҳед гирифт. Шумо моро мефаҳмед.

Зани деҳқон хашмгин аз ҷояш хест:

 - Мехоҳед ман Шарлоро ба шумо фурӯшам? Ҳеҷ гоҳ! Шумо инро аз модар талаб карда наметавонед! Ин хоҳиши шумо нафратовар аст.

 Деҳқон хомӯш буд, аммо ба гапи занаш розӣ буд ва сар ҷунбонида, сухани ӯро тасдиқ мекард.

Хонум д’Юбиер, ки орзуҳояш ҳамеша иҷро мешуданд, ошуфта гашта, гирякунон ба сӯи шавҳараш рӯ овард:

 - Онҳо намехоҳанд Анри, намехоҳанд!

 Ва онҳо бори охир кӯшиш карданд:

 - Аммо, дӯстон, дар бораи ояндаи кӯдак, дар бораи саодати ӯ фикр кунед.

 Зани деҳқон, ки худро гум карда буд, сухани онҳоро бурид:

-Бароед, ман дигар шуморо дар ин ҷо набинам! Дар куҷо шунидаед, ки кӯдаконро бо чунин тарз гиранд.

 Хонум д’Юбиер ҳангоми рафтан ба ёд овард, ки писарбачаҳо ду нафар буданд. Вай бо чашмони ашколуд пурсид:

 - Писари дигар аз они шумо нест?

 Падари Туваш ҷавоб дод:

 - Не, вай писари ҳамсоя аст, агар хоҳед, ба назди онҳо равед.

Инро гуфту ба хона баргашт, ки аз он ҷо овози хашмолуди занаш ба гӯш мерасид.

 Зану шавҳар Валенҳо сари суфра нишаста, нону равған мехӯрданд.

Ҷаноби д’Юбиер бо ҳамон пешниҳод, аммо ин дафъа эҳтиёткорона ба онҳо муроҷиат кард.

Валенҳо аввал бо аломати рад сар ҷунбониданд, аммо вақте ки фаҳмиданд, ки моҳе сад франк мегиранд, вуҷудашонро изтироб фаро гирифт.

 Онҳо муддати дароз хомӯш монданд, чӣ кор карданашонро намедонистанд.

Ниҳоят зан аз шавҳараш пурсид:

 - Шумо ба ин чӣ мегӯед?

 Вай андешамандона гуфт:

 - Дар ин бора фикр кардан бамаврид аст.

 Сипас, хонум д’Юбиер, ки аз интизорӣ меларзид, дар бораи ояндаи кӯдак, дар бораи хушбахтии ӯ, дар бораи кумаки молиявие, ки баъдтар ба онҳо мерасонанд, суҳбатро оғоз кард.

Деҳқон пурсид:

- Шумо 1200 франк пули иҷораи моро ба нотариус пардохт мекунед?

 Ҷаноби д’Юбиер ҷавоб дод:

 - Албатта, пагоҳ ин корро мекунем.

 Зани деҳқон аз фурсати муносиб истифода бурда гуфт:

Дар як моҳ сад франк барои аз мо дур кардани фарзандамон намерасад, пас аз чанд сол вай аллакай кор карда метавонад, мо саду бист франк мехоҳем.

 Хонум д’Юбиер, ки аз бетоқатӣ меларзид, фавран розӣ шуд. Вай ният дошт, ки кӯдакро ҳар чӣ зудтар бо худ барад. Шавҳараш шартро навишт, боз сад франки дигарро дар шакли туҳфа дод. Шаҳрдорӣ ва ҳамсояи деҳқонон, ки якбора даъват карда шуданд, розӣ шуданд, ки шоҳид шаванд.

Ҷавонзан бо хушнудӣ, тифли гирёнро ба мисли бозичае, ки аз мағоза харида мешавад, бо худ бурд.

 Зану шавҳари Тувашӣ, ба фойтуни дуршаванда нигоҳ мекарданд ва шояд аз амалашон пушаймон буданд.

Аз Жан Валени хурдӣ дигар хату хабар шунида нашуд. Ҳар моҳ волидони ӯ саду бист франкро аз нотариус мегирифтанд, вале ҳамсоягон ба онҳо рӯи хуш нишон намедоданд, зеро ҳамсоязани Туваш онҳоро таҳқир мекард ва ҳамеша ба дигарон мегуфт, ки инсон чӣ қадар бадзод бошад, ки фарзандашро фурӯшад. Ин кор нафратангез ва бадахлоқӣ аст.

Баъзан вай бо ифтихор Шарлои худро ба оғӯш гирифта, фарёд мезад:

 - Ман туро нафурӯхтам, писарам, нафурӯхтам! Бой нестам, аммо кӯдакамро намефурӯшам!

 Солҳо мегузаштанд, аммо ҳар рӯз аз кулбаи ҳамсоя таънаву маломат бо овози баланд садо медод, то ки ҳамсоя шунавад. Ниҳоят, Туваш худро дар маҳалла барои Шарлоро нафурӯхтанаш аз ҳама боло тасаввур мекард. Вақте ки касе дар бораи ӯ суҳбат мекард, ӯ одатан илова мекард: «Ман медонам, ки ин пешниҳоди ҷолиб буд, аммо ба ҳар ҳол вай мисли модари ростқавл рафтор кард».

 Вайро ҳамчун намуна мисол меоварданд ва Шарло, ки аллакай ҳаждаҳсола буд ва бо ин андеша ба воя расида буд, низ худро аз рафиқонаш болотар медонист, зеро вай фурӯхта нашудааст.

Ба туфайли пули ҳармоҳа, Валенсҳо ҳамеша хушбахтона зиндагӣ мекарданд. Писари калониашон хизмати ҳарбиро адо мекард, аммо дуюмӣ вафот карда буд.

 Шарло ягона ёрдамчии падари пираш буд, то модар ва ду хоҳари хурдиашро сер кунад.

Ӯ бисту яксола буд, ки як субҳи рӯзи якшанбе фойтуне дар назди кулбаҳо истод. Аз он ҷавони дорои соати тиллоии занҷирдор баромада, дасташро ба зани солхӯрда дароз кард. Хонум гуфт:

 - Ана, фарзанди ман, ин хонаи дуюмат аст.

Ва ӯ ба кулбаи Валенҳо, мисли хонаи худ даромад.

 Модари пир пешдоманҳояшро мешуст, падари нотавон наздики деги оташдон мехуфт. Ҳангоме ки ҷавон гуфт:

 - Салом, падар, салом модарам — ҳар ду сар бардоштанд.

Зани деҳқон аз ҳаяҷон собунро ба об ғалтонд ва пичиррос зад:

 - Ин туӣ, писарам?

Ҷавон модарашро ба оғӯш кашид, бӯсид ва такрор кард: «Салом, оча!». Дар ҳамин ҳол, мӯйсафед саросар ларзида, бо оҳанги оромона сухан гуфт: «Ана ту баргаштӣ, Жан», гӯё, ки ҳамагӣ як моҳ пеш аз мо ҷудо шуда бошӣ.

 Вақте ки онҳо аз дидори якдигар сер шуданд, волидон хостанд, ки бо писарашон дар деҳа сайр карда, ӯро ба ҳама нишон диҳанд. Онҳо писарашонро пеши шаҳрдор, назди коҳин, ба назди муаллим бурданд.

Шарло, дар остонаи кулбааш истода, онҳоро дид, ки аз пешаш мегузаранд.

 Бегоҳ, ҳангоми хӯроки шом ӯ ба падараш гуфт:

 - Шумо беақл будаед, ки ба Валенҳо иҷозат додед, писари онҳоро бигиранд?

Модар якравона ҷавоб дод:

 - Ман намехостам фарзандамро фурӯшам.

 Падар чизе нагуфт. Писар идома дод:

 - Чӣ бадбахтӣ, ки маро қурбон карданд.

Он гоҳ пирамард Туваш бо хашм эътироз кард:

 -Ту акнун моро мазаммат мекунӣ, ки туро надодем?

 Шарло дағалона гуфт:

- Бале, зеро шумо аблаҳед! Падару модаре мисли шумо бадбахтии фарзандонанд. Шумо сазовори он ҳастед, ки таркатон кунам.

 Пиразан гиря кард, нисфи шӯрбо аз қошуқи дасташ рехт, вай нолишкунон гуфт:

 - Ҳайфи азоб кашида калон кардану ба воя расониданам!

 Писар ин гапро шунида, бераҳмона фарёд зад:

- Беҳтараш ман умуман таваллуд намешудам. Вақте ки ӯро дидам, хуни ман ях кард. Фикр кардам: ман метавонистам чунин шавам.

 Ӯ бархост.

- Беҳтар аст аз ин ҷо биравам, агар ин ҷо бимонам, аз субҳ то шом шуморо сарзаниш карда, ҳаётатонро заҳр месозам. Бидонед, ки ман шуморо ҳеҷ гоҳ намебахшам.

 Волидайн хомӯш, дилшикаста ва ашкбор буданд.

Вай идома дод:

 - Не, дар ин бора фикр кардан душвор аст. Беҳтараш ман барои ёфтани як бурда нон ба ҷои дигар меравам.

 Ӯ дарро кушод. Садои хушҳолӣ ба гӯшаш омад. Валенҳо буданд, ки ба муносибати бозгашти писарашон хурсандӣ мекарданд.

Он гоҳ Шарло ба волидайнаш рӯ оварда, фарёд зад:

 - Ба ҷаҳаннам равед!

 Ва дар торикӣ нопадид гашт.

Ги де Мопассан

Тарҷумаи Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»